Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳуров: Мардуми тоҷик аз бастани Facebook хурсанд шуданд


Бег Зуҳуров
Бег Зуҳуров
Бег Зуҳуров-раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки маҳофили иҷтимоии Тоҷикистон ба хадамот “муроҷиатнома” фиристодаанд ва дархост кардаанд, ки шабакаи иҷтимоии Facebookдар Тоҷикистон баста шавад, чунки корбарони ин шабака дар ҳақи аъзои ҳукумат ва шахсиятҳои муҳтарами кишвар “носазо” мегӯянд.

Рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон пешкашкунандагони хадамоти интернетӣ бо дастури ин хадамот дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook-ро маҳдуд кардааст.

Зуҳуров гуфтааст, бо назардошти ҳимояти қишрҳои васеи ҷомеа онҳо тасмим гирифтаанд, ки дастрасӣ ба Facebook-ро комилан қатъ кунанд.

Вай гуфтааст, “дар соатҳои ахир телефони вай тақрибан дар ҳоли таркидан аст, зеро ба вай сокинони хайрхоҳи Тоҷикистон беист занг мезананд ва аз бастани шабакаи Facebook изҳори хурсандӣ мекунанд”.

Вай афзудааст, “танҳо шахсони алоҳида аз ин иқдом норозӣ ҳастанд”.

Тобистони соли ҷорӣ дар рӯзҳои задухрди Хоруғ иртибот бо Бадахшон қатъ шуда буд ва Бег Зуҳуров гуфт, тире ба сими алоқа бархӯрдааст ва алоқа бо Бадахшон канда шудааст.
XS
SM
MD
LG