Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯйбори “пиво” дар кӯчаи Душанбе (ВИДЕО)


Ҷорӣ шудани пасмондаҳои пиво дар кӯчаи Душанбе
Ҷорӣ шудани пасмондаҳои пиво дар кӯчаи Душанбе

Сокинони Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба фаввора задани об ё буғ аз лӯлаҳои кафидаи шаҳр одат доштанд, аммо акнун ба равон шудани ҷӯйҳои оби ҷав ё “пиво” низ одат мекунанд.

Субҳи 8-уми декабр раҳгузарон дар минтақаи «Пивзавод»-и Душанбе шоҳиди он шуданд, ки оби зардгун аз лӯлае берун шуда, ба сатҳи хиёбони "Дӯстии халқҳо" паҳн шуд ва атрофро бӯйи пиво фаро гирифт.

Ин оби ношаффоф гарм буд ва дар роҳи мошингарду ҷӯйи канори он ҷорӣ мешуд. Бино бар тӯли ҷоришавии ин моеъ метавон ҳадс зад, ки оби ҷав шояд чанд соат боз равон буд ва танҳо наздикиҳои соати яки рӯз кормандони Корхонаи обу корезии шаҳри Душанбе ба ҷойи воқеа ҳозир шуда, ба тармими лӯла машғул гаштанд.

Сардори шӯъбаи ин ниҳод Фахриддин Ёдгоров дар шарҳи қазия ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин оби гарме, ки аз замин баромада истодааст аз «Пивзавод» меояд ва он оби ҷав аст. Ҳафтаи гузашта ҳам ин қубур кафида буд ва боз ин ҳафта кафид. Сабаби кафидани қубурҳо зиёд шудани пасмондаҳо дар дохили он аст».

Ин лӯла дар мобайни роҳи мошингард ҷойгир шудааст ва раҳгузароне, ки аз наздики он мегузаранд, аз бӯйи он худро канор мегиранд.

Абдуллоҳ Бурҳонов худро корманди Комбинати Хӯроквории «Пивзавод» муаррифӣ кард, аммо аз гуфтани вазифааш худдорӣ намуд. Мавсуф аз қубур фаввора задани оби ҷавро рад кард ва гуфт: «Алҳол мавсими кори «Пивзавод» гузаштааст ва мо ягон хел оби ҷав истеҳсол накарда истодаем. Вақте мо кор накарда истода бошем, чӣ хел оби ҷави мо аз қубурҳо фаввора зада мебарояд? Масъулон ҳам омада дида буданд ва маълум карданд, ки он оби қубур аз корхонаи мо нест».

Зоҳиран, корхона кор мекард ва афроде низ дар дохили он буданд. Посбони корхонаи тавлиди оби ҷави Душанбе гуфт: «Чанде дуртар аз мо заводи винобарорӣ ҳаст, шояд қубури онҳо сӯрох шуда бошад?»

Вале як корманди корхонаи тавлиди вино ба Радиои Озодӣ гуфт, лӯлаҳои ин коргоҳ дуртар аз ҷое мегузаранд, ки садама рӯй додааст.

Ҷӯйбори "пиво" дар кӯчаи Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:38 0:00

Масъаларо намояндагони Корхонаи обу корезии шаҳри Душанбе рӯшан карданд ва дертар намояндаи корхонаи тавлиди оби ҷав Абдуллоҳ Бурҳонов низ тасдиқ намуд, ки ин лӯлаи партовҳои корхонаи пивобарорист ва обҳое, ки пас аз филтр шудани пиво ба миён меоянд, ба воситаи ин лӯла ба шабакаи обҳои партовии шаҳр ҳамроҳ мешаванд. Ба гуфтаи ҷаноби Бурҳонов, тармим ва нигаҳдошти ин лӯла дар дӯши Корхонаи обу корезии шаҳри Душанбест, зеро корхонаи тавлиди оби ҷав барои ин маблағи муайян мепардозад.

Корхонаи тавлиди оби ҷави Душанбе дар нимаи солҳои 30-юми асри гузашта таъсис ёфта, борҳо табдили ном кардааст ва ҳоло тобеи Ҷамъияти Истеҳсолии «Тоҷикпиво» аст. Дар он оби ҷав ва даҳҳо навъи нӯшобаҳои ташнагишикан истеҳсол мешаванд.

XS
SM
MD
LG