Пайвандҳои дастрасӣ

Ангушти 20 зан баъд аз неши занбӯр дар асал хоҳад буд


Омӯзиши занбӯрпарварӣ дар Мӯъминобод

Омӯзиши занбӯрпарварӣ дар Мӯъминобод

Бо сармояи Бунёди байнулмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ва Барномаи ғизои СММ ба 20 зани камбизоат ва бекори ноҳияи Мӯъминобод ҳунари занбӯрпарварӣ омӯзонда шуд ва дар поёни таҳисл ба онҳо аз созмони "Интермёд" 10 оила занбӯри асал ва лавозимоти занбӯрпарварӣ тақдим гашт.

Ҷанги занбӯрҳоро Гулноза бори аввал дид. Ин саҳна барояш хеле ҷолиб буд. Зеро вай чӣ гуна ором кардани «ошӯб»-и занбӯрҳо ва ба кор – ҷамъоварии накҳату тавлиди асал сафарбар кардани онҳоро омӯхт.

Гулноза Ҳасанова гумон надошт, рӯзе ҳамроҳ бо 20 зани дигар касби наве хоҳад омӯхт, ки дар оянда рӯзирасонаш хоҳад шуд. Вай ҳунари навашро дар давраи омӯзише аз худ кард, ки созмони ҷамъиятии "Интермёд" бо дастгирии ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод ва сармоягузории баробар бо 58 000 доллари Бунёди байнулмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ва Барномаи ғизои СММ ҳамчун таҷриба баргузор намуданд.

Занбӯрпарварӣ дар Тоҷикистон асосан касби мардона арзёбӣ мешавад. Ба истиснои як ду маврид кормандони ин соҳа асосанд мардҳо ҳастанд ва занҳо акнун ба кор дар ин ришта омода мешаванд. Абдуқаҳор Ҳусайнов 40-сол бо ба парвариши занбӯри асал машғул аст. Ӯ зиёда аз 100 оила занбӯри асал дорад. Ҳусайнов мегӯяд, ки тамоми пешрафтҳояш дар зиндагӣ аз ҳамин пеша оғоз гирифтаанд.

Ноҳияи Мӯъминободи Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламраваш аз кӯҳҳо иборатанд, барои парварариши занбӯр ва тавлиди асал шароити мусоид дорад. Мутахассисон шумораи оилаҳои занбӯри асалро дар кишвар ба 220 ҳазор шумурдаанд. Ба қавли онҳо набототи Тоҷикистон ин тавонро дорад, ки 1 миллион оилаи занбӯрро бо шаҳд таъмин кунад.

Дар ҳоле ки дар Амрикову Аврупо мутахассисон аз камшавии замбӯри асал нигаронӣ мекунанд, занбӯрпарварони тоҷик мегӯянд, ки ин соҳа ҳамасола рушд мекунад. Ҳарчанд онҳо эътироф мекунанд, ки тағйирёбии иқлим ба занбӯрпарварӣ бетаъсир намондааст.

Парвариши занбӯри асал аз пешаҳои пурмашаққати соҳаи кишоварзӣ аст. Аммо дар муқоиса бо бахшҳои дигар даромади хуб дорад. 1 кг асал дар бозорҳои Тоҷикистон аз 30 то 50 сомонист ва кишвар солона 4 ҳазор тона асал истеҳсол мекунад, ки тақрибан дар бозори дохилӣ масраф мешавад. Тоҷикистон барои содироти густардаи ин маҳсулот ба хориҷи кишвар талош дорад.

Аммо ҳосили занбӯрҳои асал ҳамасола якранг нест. Бинобар ба омори расмӣ соли 2014 Тоҷикистон ҳамагӣ 3 тонна асалро ба хориҷ аз кишвар содир кард, дар ҳоле ки соли 2013 содироти асал 23 тонна буд.

Гулноза дар вазъи занбӯрпарварӣ дар ҷаҳон, тағйирёбии иқлим ва технологияи нави ин соҳа маълумоти кофӣ надорад. Вале мегӯяд, акнун медонад, ки чӣ гуна 10 оила занбӯрашро ба сад оила табдил диҳад ва занбӯрпавари номӣ шавад. Вай мегӯяд, акнун ангушташ дар асал хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG