Пайвандҳои дастрасӣ

Латту кӯби мироби маъюб аз тарафи соҳиби замин


Фаррух Нурматов

Фаррух Нурматов

Як сокини ноҳияи Ашт, ки вазифаи миробӣ доштааст, мегӯяд, баъд аз обёрӣ кардани боғи ҳамдеҳааш ба ҷои пардохти ҳақмузд соҳиби боғ ӯро шадидан латту кӯб кардааст, ки ҳоло дар беморхона бистарӣ аст.

Мироби маҳаллаи Сарои ноҳияи Ашт мегӯяд, ки пас аз обёрии замини кишти сокини дигари ин деҳа Фозил Ҳоҷиматов, афсари мустаъфии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳоло соҳибкор, ҳангоми пардохти ҳаққи заҳмати мироб ба ҷои ҳақгузорӣ ӯро латту кӯб намудааст. Дар натиҷаи зарбу лат сар ва дасти маъюбаш шадидан осеб хӯрдааст ва ҳоло дар беморхонаи ноҳия бистарист.

Фаррух Нурматов, мироби маҳаллаи Сарои ноҳияи Ашт рӯзи 26-уми май аз беморхонаи ноҳияи Ашт, шимоли Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи якшанбе, 25-уми май рух додаст. Вай гуфт, мироби маҳалла мебошад ва аз рӯи нархномаи 1 соат 2 сомонӣ ба заминҳои кишти мардум об медиҳад, вақте ки замини Фозил Ҳоҷиматовро 9 соату 30 дақиқа обёрӣ мекунад, вай дар ивази 19 сомонӣ ба вай 2 сомонӣ пешниҳод мекунад.

«Ман исрор кардам, ки 9 соату 30 дақиқа 19 сомонӣ мешавад, вай бошад ба падару модарам дашном дода маро латту кӯб кард, бо мушташ дар сарам зад як дасти маъюбам ва ангуштам сахт зарб хӯрданд, маро дирӯз ба беморхона оварданд», мегӯяд Фаррух Нурматов.

Фаррух Нурматов маъюби гурӯҳи дувум буда, дар деҳаи Сарои ноҳияи Ашт шуғли миробӣ дорад. Фозил Ҳоҷиматов

Фозил Ҳоҷиматов

Аммо вақте мо аз соҳибкор - Фозил Ҳоҷиматов сабаби иддао сабаби латту кӯбро пурсидем, вай гуфт, ки "ин ҳама гапҳо туҳмат мебошанд ва нодурустанд" сипас Фозил Ҳоҷиматов телефонашро хомӯш карду ба суолҳои мо посух надод.

Фаррух Нурматов, мегӯяд, ки ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт муроҷиат кардааст ва имрӯз кормандони милиса омада ташхиси сару дасти маъюби ӯро аз пизишкони беморхона гирифта бо худ бурданд. Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт гуфтаанд, аз рӯи ин ҳодиса парванда боз кардаанд ва мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Фаррух Нурматов, маъюби гурӯҳи дуввум мегӯяд, ки ду фарзанд дорад ва зиндагиаш аслан аз ҳисоби миробӣ ва кумаки хешутаборон пеш меравад. Вай гуфт, ки аз ҳисоби миробӣ дар як моҳ тақрибан 300 сомонӣ ба даст меорад, ки ин барои сарфу харҷи хонаводааш кифоя намекунад.

Масоили тақсими об дар деҳоти Тоҷикистон ҳамвора мушкилофар будааст. Ин мушкил аз ҳамсояи девор ба девор то миёни маҳаллаҳо ва деҳаҳо сар зада, ба баҳсу кашокаши сокинон мунҷар мешавад. Ахиран як баҳс сари чашмаи об дар ноҳияи Файзобод, боиси ихтилофи сокинон шуд. Ин баҳс сари чашмае мерафт, ки дар чарогоҳи деҳаи Қошқарии ин ноҳия барои чорво истифода мешуд, аммо яке аз бошандагон ин чашмро ба пуррагӣ аз худ намуда ба манзили худ овард. Аммо ин амал боиси эътирози дигар сокинон гардид, ки онҳо мегуфтанд, ин чашмаи табиӣ, бояд дар истифодаи умум қарор дошта бошад. Ҳамин тавр ин баҳс расонаӣ ва боиси мудохилаи мақомоти ноҳия ба ин масъала шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG