Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикстандарт риши тоҷирону ошпазҳоро “назорат” мекунад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Кормандони ошхонаҳо ва фурӯшандагони нуқтаҳои хӯроки умумӣ тибқи муқаррароти Оҷонсии «Тоҷикстандарт» бояд ҳамеша риши худро пок тарошанд.

Аммо масъулини Оҷонсии «Тоҷикстандарт» дар Кӯлоб зимни як нишасти матбуотӣ бо таъкид ба ин нукта изҳор доштанд, ки дар бештари мавридҳо ошпазҳо ва фурӯшандагони маҳсулоти истеъмолӣ ин нуктаро ҷиддӣ намегиранд. Ҳаким Нуров, як масъули ин Оҷонсӣ гуфт, аз замони Шӯравӣ то кунун барои ошпазҳо ва фурӯшандагони маҳсулоти хӯрокворӣ риши ҳамеша пок тарошида як муқарароти ҳатмӣ буд, вале ҳоло инро касе риоя намекунад.

Нуров гуфт, «дар замони Шӯравӣ агар риши фурӯшанда нотарошида мешуд, бояд дар нуқтаи фурӯш кор намекард. Ҳозир замони мо баръакс шудааст ва ҳамаи ошпазҳо риши нотарошида доранд. Мутаассифона, агар онҳоро фаҳмонӣ, ки ба хотири тозагӣ ришатро тарош, дигар хел фаҳмида зуд ҷанҷолро мебардоранд. Ҳамин хел замон шудааст, лекин бо мурури вақт бовар дорам, ки ин ҳолат ислоҳ мешавад ва қоидаҳои санитарӣ риоя мегардад.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини Оҷонсӣ мегӯянд, ба хотири огоҳии фурӯшандагон дар моҳи декабр ду бор давраи омӯзишӣ гузарониданд, ки дар он ҳисобдорӣ ва қоидаҳои санитариро ба ошпазону кормандони ошхонаҳо омӯзонданд. Ҳангоми сӯҳбат ин муқаррароти Оҷонсии «Тоҷикстандарт»-ро кормандони ошхонаҳо ба таври гуногун қабул кардаанд.

Зайниддин Рауфов, сарошпази ошхонаи «Ҳоҷиён» дар Кӯлоб мегӯяд, ин муқаррарот қобили қабул ва дастгирӣ буда, ба манфиати молии худи онҳо низ ҳаст. Ӯ мегӯяд, «на танҳо риш, балки ҳама ҷою либос бояд тоза бошад. Мушоҳида мекунам, ки ба ошхонаи мо муштариёне меоянд, ки аввал ҷои хӯрокпазиро нигоҳ мекунанд. Баъдан ба сару рӯи ман нигоҳ карда, рафта хӯрок мехӯранд. Агар ришу фаши мо давида бошаду ҳама ҷой чирк мо муштариёномонро аз даст медиҳем.»

Аммо ба қавли Шамсиддин Икромов, як ошпазе, ки риш дорад, ҳадаф бояд тозагӣ бошад, на риш. Ӯ мегӯяд, ришашро ҳамеша тоза нигоҳ медорад, ки ҳангоми омода кардани хӯрок ҳеҷ халале намерасонад. Дар ҳамин ҳол, Абдухолиқ Раҷабов, як ошпази собиқадор, гуфт, воқеан, замони Шӯравӣ риши тарошидаи ошпаз ҷиддӣ назорат мешуд: «Ҳамеша кормандони давлатӣ омада санҷиш мегузарониданд. Борҳо барои риши давида чанд ошпазро ҷарима карда, аз кор пеш карда буданд. Ҳоло ҳам агар ин кор ба хотири тозагӣ бошад, ҳеҷ ҷои бад нест.»

Оҷнсии «Тоҷикстандарт» мегӯяд, то ҳол ягон ошпазро барои риш доштан ҷарима накардаанд, дар ҳоле, ки барои риоя накардани қоидаҳои тозагӣ ва вайрон кардани муқаррарот ҷарима кардан ҳам мумкин аст. Масъулони ин идора мегӯянд, бовар доранд, ки бо роҳи шарфу таблиғ ин мушкил ҳал мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG