Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи “риштарошон” дар Андиҷон


Мақомоти амниятии Узбакистон ба ҷавонони аз 30 то 35-солаи минтақаҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон “маслиҳат” додаанд, ки ришҳояшонро битарошанд. Чунин “корҳои фаҳмондадиҳӣ” ба ҳиҷоби занону духтарон ҳам дахл доштааст.

Дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Андиҷони Узбакистон ба ҷавонони аз 30 то 35-сола “маслиҳат” дода шудааст, ришҳояшонро битарошанд. Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Андиҷон хабарро тасдиқ карда, аммо гуфтаанд, ин ягон амр набуда, балки “кори фаҳмондадиҳӣ” барои ҷилавгирӣ аз тундрав шудани ҷавонон аст.

Бархе аз мусоҳибони бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, вақтҳои охир дар навоҳии наздимарзии Узбакистону Қирғизистон ришмонии ҷавонон зиёд ба мушоҳида мерасид ва зоҳиран мақомот мехоҳанд, онҳоро “ба асли хеш” баргардонанд.

Як ҷавони рӯҳонӣ гуфтааст, ҳафтаи гузашта дар намози ҷумъа тамоми ҷавононро бидуни риш дида, дар ҳайрат уфтод. “Дар он ҷо чанд қорӣ ҳаст, ки ҳама мешиносанд. Доим онҳоро дар масоҷид мебинем. Ҳафтаи гузашта бе риш омаданд ва аксариятро дар тааҷҷуб гузоштанд. Ҳамаи онҳо ришҳои дарозашонро тарошида буданд. Вақте пурсуҷӯ кардем, фаҳмидем, ки кормандони СНБ, мақомоти амниятии Узбакистон аз Тошканд омада, ба мардоне, ки синнашон ба нафақа нарасидааст, “машврат” додаанд, то ришҳояшонро бигиранд”,-афзудааст ӯ.

Мақомоти интизомии Андиҷон мегӯянд, маъракаи риштарошӣ бештар ба навоҳии наздимарзӣ дахл дошта, ҷавонон дар маркази вилоят барои гузоштану гирифтани риши худ озоданд. Вале онҳо гуфтаанд, “корҳои фаҳмондадиҳӣ” натанҳо ба масъалаи ришгузории ҷавонон дар минтақаҳои наздимарзӣ, балки ба пӯшишҳои исломӣ, аз ҷумла ҳиҷоби занон ҳам дахл дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, моҳҳои охир дар Узбакистон маҳдудияти озодиҳои динӣ афзоиш ёфтааст. Дар оғози моҳи ҷорӣ имомони масоҷид дар Узбакистон ба намозгузорон ҳушдор додаанд, ки дигар бо тоқии сафед вориди ибодатгоҳ нашаванд. Онҳо гуфтаанд, дар сурати ғайр маҷбуранд чунин намозгузоронро аз масҷид хориҷ кунанд.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ, дар остонаи ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе, низ даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят карданд, ки дар пойтахт, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва манотиқи дигари Тоҷикистон ҳадафи "риштарошон"-и маҷбурии мақомоти умури дохилӣ қарор гирифтаанд. Сино Ҳасанзода, раҳбари шӯъбаи панҷакентии ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ дар шабакаи Фейсбук ҳатто навореро гузошт, ки дар он чанд нафар дар сартарошхона мунтазири навбати тарошидани ришашон нишаста буданд ва эътироф мекарданд, ки онҳоро милиса маҷбур кардааст. Дар посух ба интиқодҳо аз ин маърака, Раҳмонқул Давлатов, раҳбари шӯъбаи умури дохилаи Панҷакент гуфт, занони ин мардони ришдор баръакс ба мақомот ташаккур кардаанд, ки хайрият, рухсори шавҳарони худро диданд.

Аммо Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, гуфта буд, касе бо чунин шикоят, ки ришашро маҷбуран тарошидаанд, ба ин ниҳод шикоят накардааст.

Роҳандозии чунин маъракаҳо алайҳи афроди ришдор дар пешорӯи ҷашнҳову нишастҳои муҳими байналмилалӣ дар Тоҷикистон мисли як анъана шуда ва дар солҳои гузашта низ иттифоқ уфтода буд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин маъракаҳо бар илофаи манъи ҳиҷобу ширктаи занон ва ноболиғон дар намози масоҷид, маҳдуд кардани мавзӯи маъвизаҳои ҳатто рӯҳониёни расмӣ ва аз минбар маҳрум кардани рӯҳониёни маъруф аз масъалаҳоест, ки исми Тоҷикистонро дар гузоришҳои байналмилалӣ роҷеъ ба озодии дин бо рангҳои манфӣ ҷилвагар мекунад.

XS
SM
MD
LG