Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқибати "хирсхӯрӣ" - 13 ҳазор доллар ҷарима


Идораи бозрасии ҳифзи муҳити зист мегӯяд, тавсифи ғалати равғани хирс, ҳамчун "доруи сад дармон", хирсҳоро ба нестӣ мебарад.

"Равғану талха ва органҳои дигари хирс ҳеҷ хосияти доругӣ надоранд. Беҳтар аст, мардум аз равғани гӯсфанд истифода намоянд, ки "ҳаким" буданаш борҳо собит шудааст", - мегӯяд Идораи бозрасии ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб.

Ҳасан Амиров, сардори Идораи бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақа, мегӯяд, чунин андешаҳои барғалат боиси нобудшавии ҳайвоноти нодир мешавад, аз ин рӯ, аз сокинон даъват мекунад, ки хирсҳоро ба ҳоли худ гузоранд ва исми шикорчиҳои хирсро ба онҳо ошкор кунанд.

Ҳасан Амиров - сардори Идораи бозрасии ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб
Ҳасан Амиров - сардори Идораи бозрасии ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Амиров садҳо навъи доруҳои замонавӣ дар фурӯш аст, ин ташвиқ, ки равғани хирс доруст, бемантиқ ба назар мерасад. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди он ки хирсҳо гоҳо ба чорвои мардум ҳуҷум мекунанд ва ба инсонҳо зарар мерасонанд, боз ҳам аз ҳайвоноти нодири минтақа номбар мешаванд, ки таҳти ҳимояти давлат қарор доранд.

Аммо сокинон мегӯянд, бемордорон ба хотири сиҳатии наздикони худ ба истилоҳ "аз хас ҳам мадад меҷӯянд." Назаралӣ Табаров, сокини ноҳияи Мӯъминобод, мегӯяд, ӯ аз онҳоест, ки аз шикорчие барои амаки маризаш равғани хирс дархост карда буд. Назаралӣ мегӯяд, ҳеҷ доруву дармоне ба амакаш, ки бемории илтиҳоби шуш дорад, фоида накард, шояд равғани хирс фоида кунад: «Худо одамро бемор накунад. Вақте касал шудӣ, зӯрат омад, ҳар даъвое гуфтанд, бо умед аз паяш меравӣ. Ростӣ гап, худи ман бовар надорам, аммо барои дили бемор маҷбурем, ки равғани хирс пайдо кунем. Аз чанд шикорчӣ ҳам хоҳиш кардем, ки имкон шуд, бароямон шикор кунанд.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Раҳматулло Ҷумъаев, директори Маркази табобати бемориҳои сил дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, воқеан, онҳо чандин бемореро вохӯрдаанд, ки то беморхона овардан ба онҳо тавсия шудааст, ки барои шифо ёфтан гӯшти ҳайвонот, мисли сагу ҷайра истеъмол кунанд. Аммо, ба таъкиди Ҷумъаев, ҳеҷ гуна гӯшти ҳайвон силро шифо намебахшад ва бояд бемор ҳатман дар беморхона барои шифо ёфтан тариқи доруҳои кимиёвӣ табобат бигирад. Ҷумъаев мегӯяд, сокинон набояд чунин андешаҳоро дуруст шуморанд, балки ҳангоми бемор шудан ҳатман ба пизишкони касбӣ муроҷиат кунанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ истеъмоли гӯшти хирсу ҷайраро тавсия намедиҳанд.

Масъулини Идораи бозрасии ҳифзи муҳити зист ва Муассисаи хоҷагии ҷангал мегӯянд, давоми панҷ соли ахир ягон сокини минтақаро ҳангоми шикори хирс боздошт накардаанд. Аммо Мираҳмад Давлатов, директори Муассисаи хоҷагии ҷангал дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, соли гузашта дар ду мавзеъ кормандони онҳо пӯсти хирс пайдо кардаанд, вале то ҳол аз ҷониби кӣ шикор шудани хирсҳо ошкор нашудааст: «Дар мавзеи Сари Хосор ва Чилдухтарон мо пӯсту гӯшти хирс мушоҳида кардем, аммо бинобар сабаби камодам будани ин мавзеъҳо мушкил аст, ки шикорчиёни онро пайдо кард.»

Хирс аз ҳайвони нодирест, ки дар мавзеъҳои Дашти Ҷум, Сари Хосор ва Чилдухтарони минтақаи Кӯлоб зиндагӣ мекунад. Барои шикори як хирс қонунгузории Тоҷикистон 63 ҳазор сомонӣ (тақрибан 13 ҳазор доллар) ҷарима пешбинӣ кардааст. Ҷаримае, ки то кунун дар минтақаи Кӯлоб шикорчие напардохтааст, ҳарчанд шикори хирс расман сабт шуда.
XS
SM
MD
LG