Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран Ҷорҷ Энстуисл - раиси Би Би Си ба дунболи моҷарое дар ин муассисаи бузурги матбуоти Британия аз мақоми худ истеъфо дод.

Вай дар Би Би Си маҷмуан 54 рӯз раис буд.

Истеъфо ба моҷарое дар бораи пахши барномаи Newsnight иртибот дошт. Дар барнома 2 ноябр иштибоҳан гуфта шуд, ки яке аз аъзои боломақоми ҳизби Муҳофизакор дар хонаи кӯдакони Уэлс бо баъзе аз кӯдакон гӯё “бачабозӣ” кардааст. Аз ин шахс ном бурда нашуд, вале баъд аз як ҳафта лорд Алистер Макэллайн бар зидди ин гуфтаҳо даъво кард ва онро дар ҳақи худ тӯҳмату бӯҳтон номид. Шахсе, ки замоне қурбонии ин амал дониста мешуд ва дар ин бора гап зада буд, аз гуфтаҳои худ даст кашид.

Ҳамроҳ бо ин моҷаро пахш нашудани барномае дар бораи саргузаштҳои Ҷиммӣ Севилл - баранда ё муҷрии машҳури телевизиони Би Би Си низ ифшо шуд ва ду раҳбари дигари масъули барномаҳои таҳлиливу хабарии телевизион аз мақомашон маҳрум гардиданд. Ин барномаро барои пахш дар поёни соли гузашта таҳия карда буданд.

Дар барнома аз он ҳикоят мекарданд, ки Ҷиммӣ Севил бо истифода аз мақому эътибори худ чун “ситораи телевизион” дар солҳои фаъолияташ бо роҳҳои фиреб ба номуси занон ва ҳатто духтарони хурдсол таҷовуз кардааст ва ба истилоҳ ба “бачабозӣ” низ даст задааст. Бино ба хабарҳое, ки Би Би Си дар ин шабонарӯзҳо аз қавли мақомот ба нашр расондааст, дар бораи тақрибан 300 мавриди фаъолиятҳои номатлуби ҷинсии Севил ба мақомоту ниҳодҳои зидахл шикоят ворид шудааст.

Барномаи телевизиониеро, ки рӯзноманигорон баъд аз таҳқиқ дар ин бора таҳия карда буданд, сардабирон аз нашр боздоштанд. Вале рӯзноманигорон пофишорӣ мекарданд, ки замоне ин моҷаро рӯ хоҳад зад ва беҳтар аст барнома пахш шавад.

Баъдтар дар ҷараёни расидагӣ маълум шуд, ки бояд Би Би Си ин барномаро пахш мекард.

Дар гузашта низ Би Би Си-ро муттаҳам карда буданд, ки рӯзноманигорон вориди хатҳои телефонӣ мешаванд ва ба гуфтугӯҳо гӯш медиҳанд.

Бо пеш омадани чунин вазъият дар Би Би Си ҳоло ин сару садоҳо дар гардиш аст, ки гӯё ин муассисаи бузурги матбуотии Британия ба бӯҳрон рӯ ба рӯ шудааст. Дар як мусоҳиба бо радиои Озодӣ Чарлӣ Беккет - раҳбари POLIS ё Маркази таҳқиқу таҳлили матбуотӣ дар Лондон гуфт, баҳсбарангез аст, ки ин пешомадро бӯҳрони Би Би Си ном барем, зеро он бештар ба мушкиле шабоҳат дорад, ки дар воқеъ бояд аз байн бурда шавад. Ба қавли вай, Би Би Си, ки ниҳоди фавқулодда бузург аст, ҳам барои дохил ва ҳам барои хориҷ барномаҳои воқеан ҷолиб таҳия мекунад. Ҳоло барои рафъи ин мушкил бояд дар Би Би Си ислоҳот анҷом бигирад. Беккет мегӯяд:


“Ман фикр мекунам, ки мо аввалан бояд воҳима накунем. Таҳкурсии Би Би Си хеле қаввист. Ман фикр мекунам, ки онҳо бояд хеле бодиққат ба раҳбарияти Би Би Си нигоҳ кунанд. Онҳо бо доштани як шахси қаввӣ дар раёсати умумии худ аз ҳар ҷое, ки бошад, бояд раҳбариятро тақвият бахшанд аз вай бештар ҳимоят кунанд. Аз сӯи дигар, онҳо бояд шохаҳои раҳбариро камтар кунанд. Зинаҳои миёни кормандони маъмулӣ, ки барнома тавлид мекунанд ва раҳбароне, ки ба пахши он иҷоза медиҳанд, бояд камтар ва наздиктар бошад. Ман пешниҳод мекунам, ихтиёроти бештар ба бахшҳое дода шавад, ки ба тавлиди барнома машғуланд ва аз ин роҳ бояд масъулияти онҳо боло бурда шавад, то онҳо худро шахси дуввум эҳсос накунанд”.


Би Би Си муассисаест, ки бештари сармояи худро аз ҳисоби молиёт ба даст меорад. Дар Британия ҳар шахсе, ки телевизион дорад, бояд молиёт пардохт кунад. Бахши дигари сармоягузориҳои он аз ҳисоби фаъолиятҳои тиҷоратии ниҳодҳои ҳукуматӣ таъмин мешавад.
XS
SM
MD
LG