Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари BBC моҷарои марбут ба озори ҷинсии кӯдаконро "даҳшат" хонд


Ҷорҷ Энтвистл
Ҷорҷ Энтвистл

Хабарнигори собиқадори BBC дар озори ҷинсии 200 духтар гумонбар шудааст.

Раҳбари ширкати садову симои BBC (Би-би-си) мегӯяд, ҷанҷоли бархоста дар мавриди эҳтимоли даст доштани яке аз кормандони собиқадори ин шабака дар бадрафториҳои ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон ӯро водор мекунад, бо як “даҳшат” ба гузашта назар афканад. Пулис машғули тафтиши иттиҳомотест, ки мегӯяд, гӯиё дар давоми 60 сол хабарнигори номдор Ҷиммӣ Севил нисбат ба беш аз 200 духтари наврас рафторҳои шаҳвониро раво дидааст.

Раҳбари кулли ширкати BBC Ҷорҷ Энтвистл рӯзи сешанбе, 23-юми октябр, дар баробари кумитаи парлумонӣ дар Лондон маҷбур буд ба саволҳои хеле сахту нороҳаткунанда посух диҳад. Ӯ дар мулоқот бо аъзои парлумон гуфт, ин мавзӯъро хеле ҷиддӣ қабул мекунад. Ба қавли вай, бидуни шак ин масъалаи “даҳшатовар” аст. “Барои як шахсе, ки дар BBC даҳсолаҳои зиёд кор кардаасту ҳоло дар муқобили як моҷарои бесобиқаи сӯистифодаи ҷинсии кӯдак қарор дорад, ин як фоҷиа аст”,-гуфт ӯ.

Бори аввал ширкати BBC дар оғози соли ҷорӣ мавриди интиқод қарор гирифт, ки нагузошт филми мустанади “Newsnight” дар бораи иттиҳомоти марбут ба озори ҷинсии кӯдакон аз ҷониби хабарнигор Севил пахш шавад. Вале шабакаи дигари телевизионӣ ITV моҳи октябр бо намоиши филми мустанади сохтаи худ ин мавзӯъро ошкор кард. Баъд аз ин ҷанҷол қарори барпо кардани тафтиши дохилии ширкати BBC матраҳ шуд. Дар оғоз муҳаррири филми "Newsnight" Питер Риппон гуфт, ки пахши ин барнома бо сабабҳои мушкилоти таҳрир лағв шудааст.

Ҳоло ширкати BBC мегӯяд, ин изҳорот нокомил ва иштибоҳӣ буд ва Риппон маҷбур шуд аз мақом канор равад. Шаби 22-юми октябр барномаи “Панорама”-и BBC моҷарои марбут ба таҳқиқи иттиҳомоти зидди Севил ва филми Newsnight”-ро нашр кард.

Энтсвистл гуфт, моҷарои мазкур суолҳоеро дар заминаи эътимод ва обрӯи BBC эҷод мекунад. Вале бо ин вуҷуд, гуфт ӯ, журналистони BBC дар самти пӯшиши ҳаводиси муҳими ҷаҳон “беҳтарин талоши худро ба харҷ медиҳанд”.

Нахуствазири Бритониё Девид Кемерон гуфт, ки мардуми Бритониё аз ин моҷаро “дар даҳшат афтодааст”.

Севил соли 1990 аз ҷониби малика Елизаветаи 2 барои корҳои хайраш ҷоизаи қаҳрамонӣ гирифтааст. Ӯ соли гузашта дар синни 84-солагӣ пеш аз рӯ задани иттиҳомоти мазкур даргузашт.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG