Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корпартоии кормандони Би-Би-Си


Гурӯҳе аз хабарнигорони ширкати садову симои бритониёии Би-Би-Си аз субҳи 18 феврал ба нишони эътироз аз ихтисори кормандонашон, корпартоӣ мекунанд.

Бахши англисии ин ширкат дар сайти интернетиаш менависад, ки эътироз 24 соат давом карда, як амали ногузир дониста мешавад. Ин манбаъ менависад, Иттиҳоди миллии рӯзноманигорони Бритониё баъди он хабарнигоронро ба корпартоӣ даъват кард, ки музокироташ бо раҳбарияти ширкат барои пешниҳоди кори нав барои 30 коргари ихтисоршаванда натиҷа надод.Сомонаи бахши русии Би-Би-Си менависад, ки ихтисор марбут ба кормандони бахши Шотландии ширкат, барномаҳои Five Live, Asian Network, Big Screens, Newsbeat ва бахши Ҷаҳонии Би-Би-Си мебошад.

Дар номае ба унвонии кормандони ширкат Тим Дейвӣ, раҳбари кулли Би-Би-Си изҳор кард, ки раҳбарият дар тағйири мақом кардани журналистоне, ки бояд ихтисор шаванд, манфиатдор аст, вале эҳтимол аст, ки ба ҳар корманди ширкат чунин пешниҳоде карда шавад. Аз субҳи имрӯз аксари онҳо бар ивази пахши барномаҳои маъмулӣ матолиби такрориро пахш мекунанд.Дар телевизиони Би-Би-Си ба ҷои ду баранда, як нафар кор мекунад.

Дар давоми панҷ сол ширкати мазкур бояд ду ҳазор ҷои кориро ихтисор кунад. Сайти англисии ин ширкат менависад, дар ҳоле, ки нақшаи ихтисори ин шумори коргарон як барномаи аз пеш тарҳрезишуда буд, масъалаи 30 нафари ахир “як мавзӯи баҳсбарангез” аст. Аз миёни ин 30 нафар 9 нафар кормандони бахши Шотландии Би-Би-Си мебошанд, ки мақомот тавонистанд мавқеи онҳоро мустаҳкам кунанд.

Бахши тоҷикии Би-Би-Си дар сайти худ менависад, ки дар номааш ба хабарнигорон Иттиҳоди миллии рӯзноманигорони Бритониё даъват кардааст, ки "шона ба шонаи ҳамкорони худ, ки бо аз даст додани ғайризарурии шуғлашон мувоҷеҳ ҳастанд". Ин сомона менависад, ки дар натиҷаи ширкати гурӯҳе аз коркунони бахши форсии Би-Би-Си дар намоиши эътирозӣ, вебсайт ва пахши барномаҳои Би-би-сии форсӢ ҳам “таҳти таъсири ин эътисоб” қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG