Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори Би-би-сӣ аз бемористон мураххас шуд


Искандари Фирӯз

Искандари Фирӯз

Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-сӣ, баъд аз беҳбудии вазъи саломатияш аз бемористони Ибни Сино озод шудааст.

Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-сӣ, пас аз беҳбудии вазъи саломатияш аз бемористони Ибни Синои Душанбе озод шуда, дар манзили зисташ ба сар мебарад. Ифтихори Фирӯз, бародари Искандар, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бемористони Ибни Сино пойҳои ӯ табобатшудааст ва ӯ метавонад кам-кам роҳ равад.

"Сарфи назар аз ин, пизишкон дар манзили зисташ низ Искандари Фирӯзро муроқибат доранд ва тайи ҳар ҳафта меоянду ҷараёни беҳбудёбии ӯро муоина мекунанд",-гуфт Ифтихор. Ӯ дар идомаи суҳбаташ илова кард, ки Искандар, озодона суҳбат мекунад ва дар соли 2013 гӯиё аз нав ба дунё омадааст.

Искандари Фирӯз шаби 9-уми октябри соли гузашта ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншер дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, чанд муддат дар ҳолати кома ё беҳушӣ дар бемористони Қарияи Боло буд. Баъд аз он ки Искандари Фирӯз ба ҳуш омад, ӯро барои ҷарроҳии пойҳояш, ки дар вақти садама осеб дида буданд, ба бемористони Ибни Сино оварданд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар оғоз гуфтанд, ки дар ин қазия Айёмиддин Раҳмиддинзода муттаҳам аст. Баъдан, онҳо номи Насрулло Шарифовро баён доштанд, ки бидуни ваколатнома, худрави Айёмиддинро идора мекард ва ба садама дучор шудааст.

Моҳи декбари соли 2012 додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Насрулло Шарифовро дар садамаи Искандари Фирӯз муттаҳам дониста, ӯро ба се солу се моҳ дар "колонияи сукунатӣ" ҳукм кард. Наздикони Искандари Фирӯз ин ҳукмро "одӣ" хонданд ва вакили дифои ӯ хост, барои нафари таҳти ҳимояташ беш аз 90 ҳазор сомонӣ ҳамчун ҷуброни зарар пардохта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG