Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Дар пайи ҳамлаи маргбори шаби 16 ба 17-уми январи соли ҷорӣ, ки дар ноҳияи Лайлак иттифоқ уфтодааст, як нафар ҷон бохтаву ду тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳанӯз касе боздошт нагардидааст.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон аз як ҳамлаи мусаллаҳона ба посгоҳи наздисарҳадии “Айкол”, воқеъ дар дар ноҳияи Лайлаки ин кишвар, хабар доданд, ки як куштаву ду маҷруҳ бар ҷой гузоштааст. Ноҳияи Лайлак, ки дар ҳудуди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст, дар наздикиҳои марз бо Тоҷикистон қарор дорад.

Масъулони кор бо ҷомиаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ин ҳамла тақрибан соати 22:50-и 16-уми январ аз сӯи арфоди ношинос сурат гирифта, дар пайи он сардори посгоҳи наздимарзӣ лейтенанти калон -- Т.Исмоилов кушта шудааст. Инчунин, дар ин ҳамла Н.Усмонов -- муовини сардори посгоҳи наздимарзӣ ва Сагинбой уулу -- сарбози қаторӣ ва радиотелефонист ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Сагинбой уулу дар шаҳри Исфанаи вилояти Ботканд таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломаташ хуб арзёбӣ мешавад. Аммо Усмонов дар бемористони шаҳри Ӯш бистарӣ шуда, дар шароити вазнин қарор доштааст.

Масъулони марзбонии Қирғизистон мегӯянд, ҳоло дар ноҳияи Лайлак низоми пурзӯри хидмат эълон шуда, ҳанӯз дар робита ба ин қазия касе боздошт нашудааст. Искандар Маматалиев -- муовини раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар ҷараёни сафараш ба Исфана гуфтааст, ин қазияро нерӯҳои амниятӣ таҳқиқ доранд ва тирҳои ёфтшуда аз аслиҳаи шикорӣ будаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳикматулло Пираков -- сардори Сарраёсати марзбонии Суғд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар марз ягон тағйрот нест. Ҳама тинҷиву амонист. Вазъ хуб аст. Дар мо ҳоло гапе нест."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG