Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Субҳ - ришват, шом - шаҳодатнома...


Дар Тоҷикистон аз роҳи ришват дарёфтани шаҳодатномаи ронандагӣ мушкилтар хоҳад шуд?

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон (БДА) ва ширкати «Автосантал» ахиран ба кишвар 45 адад мошини сабукрави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти аудиоӣ ва видеоӣ ворид карданд. Ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, ин мошинҳо фақат зимни супурдани имтиҳон дар мактабҳои ронандагӣ истифода хоҳанд шуд. Ҳангоми имтиҳон рафтору кирдор ва сӯҳбати имтиҳонгиранда ва довталаби шаҳодатномаи ронандагӣ дар дастгоҳи видеоӣ сабт мешавад. Ин сабтҳоро ба хотири ошкор кардани тақаллуб тафтиш мекунанд ва сипас онро барои маҳфуз мондан ба бойгонии шӯъбаҳои бақайдгирии имтиҳонотии БДА мефиристанд. Ин фановарии муосир бори аввал миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Зиё Қурбон, як сокини шаҳри Душанбе, ки беш аз бист сол боз ронандагӣ мекунад, мегӯяд, шояд ин фановарӣ аз тақаллуб дар имтиҳонҳо ҷилавгирӣ кунад ва хариду фурӯши шаҳодатномаҳои ронандагӣ коҳиш ёбад. Мусоҳиби мо дар рӯй додани аксар садамаҳо дар кишвар ронандаҳоеро айбдор мехонад, ки аз роҳи додани ришват соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шудаанд.Ба мушоҳидаи ӯ, аксар вақт муҳоҷироне, ки аз Русия бармегарданд, “рост ба бозори мошин мераванд, зеро маблағи ҷамъовардаашон барои харидории манзил намерасад. Баъзе аз онҳо, дар ҳоле, ки бори аввал дар умрашон пушти фармони мошин менишинанд, аз тариқи ёру ошноҳо ва пора соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мешаванд ва ҳатто чанд моҳи дар Тоҷикистон дар “таътил” буданашон мусофиркашонӣ мекунанд”. Бар иттилои бархе манбаъҳо, дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон бо додани 300 доллар метавон соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуд.

Саодат Амиршоева, узви кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо таассуф иқрор мекунад, ки хариду фурӯши шаҳодатномаҳои ронандагӣ – хоси ҳама кишварҳои Осиёи Марказист. Ба гуфтаи ӯ, “замони шӯравӣ барои гирифтани “права” одамон шаш моҳ ё як сол мехонданд, аммо ин чиз ҳоло аз байн рафтааст. Ҳарчанд ҳозир ҳам мактабҳои ронандагӣ ҳастанд, вале онҳо ба таври бояду шояд дарс намеомӯзонанд ва надонистани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва нишонаву аломатҳо аз сӯи ронандаҳо бисёр вақт боиси садамаҳо мешавад”.

Хонум Амиршоева меафзояд, ҳарчанд имрӯзҳо бар асари рехтани барфи бисёр бисёр роҳҳо дар Тоҷикистон баста шудаанд, ронандаҳо боз ба роҳ мебароянд, зеро қиммати роҳкиро аз Душанбе, бигирем, то Қӯрғонтеппа, ба 150 сомонӣ расидааст. “Дар ҳоле, ки роҳҳо руфтаву аз барф тоза карда нашудаанд, бояд нозирони роҳ ба ягон ронанда, ба хусус ронандаҳои бетаҷриба иҷозаи ҳаракат дар ҷодаҳоро надиҳанд”, мутмаин аст вакили парлумон.

Ба гуфтаи Саодат Амиршоева, дар Тоҷикистон муҷозот барои фасод дар милиса, аз ҷумла, миёни кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бояд шадидтар шавад. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол як гурӯҳи кории ҳукуматӣ барои вуруди тағйиру иловаҳо ба қонун дар болои милиса кор мекунад ва бояд дар он ҷазоро барои ришвату фасод сангинтар кунанд. Ҳамзамон ӯ меафзояд, барои аз реша баркандани фасод дар сохторҳои ҳифзи тартибот вақти зиёд зарур аст, зеро Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар марҳалаи эҳёи баъд аз ҷангӣ қарор дорад ва мушкилоти зиёдашро батадриҷ рафъ мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола тақрибан 600 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд, садҳо тани дигар якумрӣ маъюб мемонанд. Соли гузашта низ даҳҳо садама ба риштаи умри мусофирону худи ронандагон миқроз зад. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Румӣ панҷ нафар, аз ҷумла, як духтарчаи 3-сола ба ҳалокат расиданд. Ҳамин гуна ҳодиса дар охири сол дар ноҳияи Мастчоҳ бо марги чаҳор нафар анҷом ёфт.
Шаби 9-уми октябр хабарнигор Искандари Фирӯз дар як садама дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ҷароҳати сангин бардошт. Як садамаи дигар, ки низ бар асари бетаҷрибагии ронанда рӯй дод, қариб буд коргардони маъруф Барзу Абдураззоқовро аз дидаи бино маҳрум кунад.
XS
SM
MD
LG