Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат ба "Барқи тоҷик" то соли 2014 муҳлат дод


Ҳукумати Тоҷикистон барои пардохти қарзҳояш ба ширкати "Барқи тоҷик" то моҳи декабри соли 2014 муҳлат дод.

Як манбаъ дар "Барқи тоҷик" бо тасдиқи ин хабар гуфт, қарори ҳукумат дар доираи таҷдиди сохтори ширкат содир шудааст ва ширкат пеш аз тақсимбандӣ бояд қарзҳояшро пурра пардохт намояд.

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ширкати "Барқи тоҷик" танҳо дар назди буҷа ҳудуди 380 миллион сомонӣ қарздор аст. Ба қавли масъулини ин Кумита, таи нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарзи "Барқи тоҷик" дар назди буҷа 69 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ширкати "Барқи тоҷик" изҳори боварӣ намуданд, ки метавонанд дар муҳлати муайяннамудаи ҳукумат қарзи буҷа ва дигар ширкатҳоро пардохт намоянд. Онҳо ният доранд, ин корро аз ҳисоби ҷамъоварии қарзи ҳаққи барқу гармӣ, ки аҳолӣ ва корхонаҳо дар назди "Барқи тоҷик" доранд, амалӣ созанд.

Бар асоси иттилои ширкати "Барқи тоҷик" қарзи аҳолии Тоҷикистон аз барқ то аввали моҳи июли соли ҷорӣ 315 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ, масъулини ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, қарзи корхонаю созмонҳо ва аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ ва гармӣ ба 767,6 миллион сомонӣ баробар аст. Онҳо мӯътақиданд, дар сурати ҷамъоварии ин маблағ, қарздориҳояшонро пурра пардохт хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG