Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боризонӣ аз курдҳои Туркия хост аз раванди сулҳ ҳимоят кунанд


Масъуд Боризонӣ, раиси иқлими Курдистони Ироқ аз курдҳои Туркия хост, ки аз раванди сулҳ бо ҳукумати ин кишвар ҳимоят кунанд.

Масъуд Боризонӣ рӯзи шанбе дар шаҳри Диёрибакр мавриди истиқболи Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар ҳоле Масъуд Боризонӣ ба Диёрибакр-- муҳимтарин шаҳри курднишини Туркия сафар кардааст, ки иқлими Курдистон ва Туркия дар ҳоли ниҳоӣ кардани як қарордоди бузурги газ ва нафт ҳастанд.
Тибқи ин гузориш, ҳазорон нафар дар шаҳри Диёрбакр гирд омада буданд, то дар маросиме, ки бо суханронии Масъуд Боризонӣ ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон оғоз шуд, ширкат кунанд.

Масъуд Боризонӣ дар ин маросим гуфтааст: "Ин як сафари таърихӣ барои ман аст. Ҳама медонем чунин сафаре 15 ё 20 соли пеш ғайри мумкин буд". Раиси иқлими Курдистон изофа кардааст: "Раҷаб Таййиб Эрдуғон гоми шуҷоонае барои сулҳ бардоштааст. Ман аз бародарони турк ва курди худ мехоҳам, ки аз раванди сулҳ ҳимоят кунанд."

Ба гузориши Ройтерз, аз сафари оқои Боризонӣ ба Диёрибакр ба унвони бахше аз талошҳои Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои поён додан ба нооромиҳо дар Курдистони Туркия ва ба вижа бо мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон ёд мешавад. Гуфта мешавад, аз оғози муборизаи мусаллаҳонаи Ҳизби коргарони Курдистон алайҳи ҳукумати Туркия, дастикам 40 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Масъалаи зарурати сулҳ байни ҳукумати Туркия ва шӯришиёни курди ин кишвар бо таваҷҷуҳ ба ҷанги дохилии Сурия вориди марҳилаи наве шудааст. Ба дунболи нооромиҳо, ки аз моҳи марти соли 2011 дар Сурия оғоз шудааст, курдҳои Сурия тайи моҳҳои ахир дар минтақаҳои таҳти контроли худ як минтақаи худмухтор эълом кардаанд. Ин минтақа ва марзҳои ҷанубии Туркия воқеъ шудааст аст.

Тибқи ин гузоришҳо, ҳамчунин гуфта мешавад, нахуствазири Туркия мехоҳад аз сафари Масъуд Боризонӣ барои густариши нуфузи Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа дар минтақаҳои курднишин, ба вижа дар интихоботи шаҳрдориҳо истифода барад. Дар интихоботи шаҳрдориҳо, ки дар моҳи марти соли оянда баргузор мешавад, Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа рақобати танготанг бо Ҳизби оштӣ ва демократӣ, эътилофи қонунии курдҳои Туркия, ки пойгоҳи иҷтимоияшон ба Ҳизби коргарони Курдистон наздик аст, дорад.
XS
SM
MD
LG