Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коргарони ширкати нафтии Бургилау дар шаҳраки Жаноазени Қазоқистон баъди панҷ рӯзи "танаффус" ба ҳамоиши эътирозии худ идома доданд. Тазоҳурот рӯзи 29 июл, замоне қатъ шуда буд, ки коргарони ширкат раиси нави иттиҳодияҳои синфӣ ё профсоюзи худро интихоб карданд. Ширкати мазкур бо кандани чоҳҳои нафт ва таъмири онҳо машғул аст.

Дар ин ширкат тақрибан 2 ҳазор нафар кор мекунанд ва эътирозҳои соли ҷорӣ нахустин эътирозҳо нестанд. Коргарони ширкати нафтии Бургилау соли 2009 низ бар зидди дастмузди кам ва шароити бади корӣ ба эътироз баромада буданд.

Аммо дар эътирозҳои охири моҳи гузашта онҳо асосан раиси пешини иттиҳодияи синфии худро эътироф намекарданд, барои он ки вай, ба қавли худашон аз манфиати коргарон ҳимоят намекард, балки ҷонибдори раҳбарони ширкат буд. Дар мусоҳибае аз Сония Толкен, хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар Жаноазен пурсидем, сабаби идомаи тазоҳурот чист?

Сония Толкен: «Имрӯз тазоҳурот идома дорад. Раиси иттиҳодияҳои синфие, ки онҳо интихоб карданд, кордиҳанда эътироф намекунад. Соатҳои кории онҳо кам карда шуда буд ва дар натиҷаи он музди коргарон низ кам мешавад. Коргарон талаб карда буданд, ки раиси созмон Асхат Сариев аз мақомаш истеъфо диҳад, онҳо дастмузди пурраи худро бигиранд ва мавридҳои бе сабаб аз кор гирифтани коргарон хотима ёбад. Дархостҳои онҳо иҷро нашудааст, барои ҳамин онҳо розӣ нестанд ва имрӯз боз ба тазоҳурот баромаданд.»

Озодӣ: Чаро ширкат аз раиси нави иттиҳодияҳои синфии коргарон розӣ нест ва намехоҳад бо вай ҳамкорӣ кунад?

Сония Толкен: «Коргарон ҷаласаи худро дар хиёбон баргузор карданд ва аз байни худашон раиси иттиҳодияи синфии худро интихоб карданд. Онҳо дар хиёбон аз Толеген Досниёзов, раиси пешини иттиҳодияи синфӣ талаб карданд, ки аризаи худро дар бораи истеъфо нависад ва бигӯяд, ки вай бо хоҳиши худ аз ин мақом меравад. Эътирозгарон мегуфтанд, ки Досниёзов бидуни ризояти ҳамаи коргарон интихоб шудааст. Вайро ба назди эътирозгарон Садуакас Беккалиев, яке аз фаъолони эътирозгарон оварда буд ва пешниҳоди истеъфо ва навиштани аризаи истеъфоро ҳам Беккалиев ба миён ниҳод. Досниёзов аризаи худро навишт ва гуфт, ки бо хоҳиши худаш меравад ва вазифаҳои худро аз рӯи виҷдон иҷро кардааст. Акнун эътирозгарон мехоҳанд, ки кордиҳанда бо иттиҳодияи синфии онҳо кор кунад.»

Озодӣ: Шумо ёдоварӣ кардед, ки эътирозгарон мехоҳанд соатҳои кории худро барқарор кунанд ва дастмузди пешинаашон ҳам нигоҳ дошта шавад. Оё ширкат ба ин пешниҳодҳо розӣ шуд?

Сония Толкен: «Асхат Сариев, раиси ширкати Бургилау қавл додааст, ки аз якуми август соатҳои кориеро, ки кам карда буданд, дубора ба коргарон баргардонда мешаванд. Коргарон дар рӯзҳои ҳафта пурра мисли пештара кор мекунанд. Гӯё дар давраи бӯҳрон ин иқдоми зарурӣ будааст ва акнун аз якуми август ба ҳолати пешина бармегарданд. Ҳоло коргарон се талаби дигар доранд. Онҳо бар ин ақидаанд, ки раиси ширкат ба онҳо фишор меорад ва онҳоро ғайриқонунӣ аз кор барканор мекунад. Барои ҳамин онҳо мехоҳанд, ки раиси ширкат мақомашро тарк кунад. Талаби аслиашон ин аст, ки ширкат раиси нави иттиҳодияи синфиро ба расмият шиносад ва бо вай корро оғоз кунад.»

Озодӣ: Оё бо барқарор кардани соатҳои корӣ дар ҳафта дастмузди коргаронро ҳам ба андозаи маоши қаблиашон барқарор мекунанд?

Сония Толкен: «Вақте соати кории онҳоро чаҳор соат дар ҳафта кам карданд, ҳамзамон дастмузди онҳо ҳам кам шуд. Ҳоло соатҳои корӣ баргардонда ва дастмузди онҳо барқарор карда мешавад. Дар рӯзҳои аввали ҳамоиши эътирозии коргарон кор дар ширкат ҳар рӯз ду соат нигоҳ дошта мешуд. Вале дар рӯзҳои охир кор комилан боздошта шуда буд. Коргарон афзоиши дастмуздро талаб накардаанд ва медонанд, ки дар кишвар бӯҳрони иқтисодӣ идома дорад. Онҳо фақат барқарор кардани дастмузди пештара ва соатҳои кориро талаб мекунанд.”

XS
SM
MD
LG