Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз "ҷарӣ" чӣ гуна мегузарад?


Бинои вазорати хазонаи Амрико.
Бинои вазорати хазонаи Амрико.

Рӯзи шашуми ноябр Барак Обама бори дуюм президенти ИМА интихоб шуд, вале ӯ вақти зиёде барои ҷашну сур нахоҳад дошт, зеро дар рӯ ба рӯи як вазифаи муҳим: ҷилавгирӣ аз “рахнаи молӣ” қарор дорад.

Ин рахнаи молӣ ва ё ба истилоҳи англисӣ фискал клиф (fiscal cliff) чӣ гуна пайдо шудааст ва бо чӣ роҳе метавон аз он ҷилавгирӣ намуд?

Агар мушкилиҳои молиро бо зилзилаву фурӯравии замин шабоҳат диҳем, феълан ИМА дар рӯ ба рӯи як рахнаи бузурге қарор дорад. Дар охири соли равон ду ҳодисае ба вуқӯъ мепайвандад, ки имкон дорад, аз як тараф, қарзи давлатии Амрикоро коҳиш диҳад ва аз сӯи дигар, рушди иқтисоди ин кишварро ба таври қобили мулоҳиза боздорад.

Дар таърихи 31-уми декабр дар Амрико баъзе андозҳои лағвгашта барқарор мешаванду баъзе андозҳои дигар афзоиш меёбанд. Тибқи нақша даромади иловагӣ ба давлат имкон медиҳад, ки ҳукумат буҷҷетро ба мувозинат орад.
Ҳамин гуна сар аз якуми январ ҳукумати ИМА ба таври автоматӣ коҳиши хароҷоташро оғоз менамояд.

Шореҳон ба ҳам омадани ин ду ҳодисаро рахнаи молӣ номида, таъкид мекунанд, ки ҷилавгирӣ аз он вазифаи оҷили президент Барак Обама мебошад.
Пол Дейлс, шореҳи Бунёди Капитал Экономикс (Capital Economics) воқеъ дар Лондон мегӯяд, ки танҳо дар соли 2013-ум “рахнаи молӣ” то 600 миллиард долларро аз иқтисоди ИМА берун хоҳад кард: “Агар рахнаи молӣ рафъ нагардад, тахминан 600 миллиард доллар ё худ 4 дар сади маҷмуи маҳсулоти миллии ИМА аз гардиш боз монда, кишвар бори дигар ба рукуд меафтад. Қаблан гуфта мешуд, ки соли оянда рушди ИМА 2 дарсадро ташкил медиҳад, вале агар рахнаи молӣ рӯй диҳад, рушди ИМА дар беҳтарин ҳолат ба ним дар сад баробар хоҳад шуд.”

Ҷои ёдоварист, ки ин ҳол солҳои оянда ҳам давом мекунад, зеро ҳукумат водор мешавад, дар давоми даҳ соли оянда хароҷоти давлатиро 109 миллиард доллар коҳиш диҳад. Рӯзи чоршанбе- як рӯз пас аз интихоботи президентии ИМА бозорҳои авроқи гаронбаҳои ин кишвар 2 дар сади арзиши худро аз даст дода, собит карданд, ки мушкили рахнаи молӣ бисёриҳоро ба ташвио вардааст.

Дар интихоботи рӯзи сешанбе ҳизби демократ назорати Сенат-маҷлиси болоӣ ва ҳизби ҷумҳурихоҳ назорати Маҷлиси Намоядагон-маҷлиси поёнии Конгрессро ҳифз намуданд. Ин натиҷа маънои онро дорад, ки мисли чор соли гузашта тасдиқи ҳар қарори муҳим роҳи душворе дар пеш дорад.

Дар пайи эълони пирӯзии Обама, раиси Маҷлиси Намояндагон Ҷон Бейнери ҷумҳурихоҳ гуфт, вакилони мардумӣ омодааанд, на чун демократу ҷумҳурихоҳ, балки чун амрикоӣ амал кунанд: “Барои дарёфти дастгирии ҷумҳурихоҳон президент бояд хароҷоти иҷтимоӣ манбаи асосии қарзро коҳиш диҳад”.

Хуллас, дар ҳоле ки демократҳо тарафдори коҳиши хароҷот ва ҳамзамон боло бурдани андоз мебошанд, ҷумҳурихоҳон аз коҳиши хароҷоти ҳукумат пуштибонӣ намуда, мухолифи афзоиши андоз ҳастанд.

Моҳи августи соли 2011-ум Қасри Сафед ва Конгресс мувофиқати коҳиши хароҷоти давлатиро имзо карда, ӯҳдадор шуда буданд, ки то 23 ноябри соли 2012-ум ба як бастаи қобили қабули ҳар ду тарафро пайдо кунанд ва агар чунин баста ҳосил нашуд, сар аз якуми январ коҳиши хароҷоти давлатӣ ба таври автоматӣ оғоз хоҳад ёфт.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG