Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама: "Давлати исломӣ" бояд маҳв шавад


Барак Обама, президенти ИМА дар охирин суханронии солонаи худ дар Конгресси Амрико, аз корномаи худ дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ дифоъ кард.

Шоми сешанбе президенти ИМА Барак Обама бо охирин паёми солонааш ба Конгресс ва мардуми ИМА муроҷиат кард. Ин паём яке аз охирин имконоти ҷалби таваҷҷӯҳи амрикоиҳо қабл аз интихоботи президентии 8-уми ноябр буд.

Дар оғози суханронӣ Барак Обама аз вакилони Конгресс қадрдонӣ намуд, зеро будҷаи солонаро саривақт ба имзо расонида, коҳиши андоз барои оилаҳои заҳматкашро ба раванди доимӣ табдтил додаанд. Президенти Обама бовар дорад, ки агар демократҳо ва ҷумҳурихоҳони Конгресс ҳамкории байниҳизбиро ба ҳамин шакл идома диҳанд, ислоҳоти низоми адлия, тиҷорат, коҳиши камбизоатӣ ва мушкилиҳои дигар низ ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.

Раисҷумҳури ИМА бо ишора ба сиёсати байналмилалии кишвараш гуфт, агар Конгресс дар масъалаи маҳви гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷиддӣ бошад, бояд имкони истифодаи нерӯ дар муқобили ин гурӯҳро иҷозат диҳад. Бигзор Конгресс дар масъала овоз диҳад.

Барак Обама:"Гурӯҳи давлати исломӣ бояд маҳв шавад!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Ба қавли Барак Обама, иддаоҳо дар бораи он, ки мо бо Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ ру ба рӯ шудаем, ба нафъи ин гурӯҳ аст. Онҳо мардуми осоиштаро бо хатар мувоҷеҳ кардаанд, вале ба мавҷудияти Амрико таҳдиде надоранд:

Вай аз ҷумла афзуд, ки “мо зарурат надорем, нишон диҳем, ки онҳоро ҷиддӣ мегирем. Мо набояд дар ин мубориза муттафиқонамонро аз худ дур кунем ва дурӯғи гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро, ки онҳо намояндаи яке аз бузургтарин минтақаҳои олам мебошанд, тасдиқ намоем. Мо бояд онҳоро бо номи воқеии онҳо - ҳамчун қотилон ва мутаассибон ёд карда, онҳоро ҷустуҷӯ ва маҳв кунем.

Президенти ИМА номзадҳои курсии президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳро барои паёмҳои зиддиисломиашон мавриди танқид қарор дод. Ӯ гуфт, ки чунин суханронҳо ба нафъи гурӯҳи Давлати исломӣ мебошанд. Бо ишора ба номзади пешдасти ҳизби ҷумҳурихоҳ дар сабқати президентӣ- Доналд Трамп, Барак Обама иброз дошт, ки ҳамла ба мусулмонон хиёнат ба ҳувияти Амрико аст: “Вақте сиёсатмадор болои мусулмонон ҳамла мекунад, амнияти мо бештар намешавад. Ин амали дуруст нест, Ин амал моро дар сатҳи олам беқадр карда, расидани мо ба ҳадаф душвортар хоҳад шуд. “

Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки ИМА вуруди мусулмонон ба Амрико муваққатан манъ шуда, барои ҷилавгирӣ аз омадани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба хоки Амрико дар марз бо Мексика девор бунёд гардад. Барак Обама шадидан мухолифи ин ташаббусҳо мебошад.

XS
SM
MD
LG