Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба дидори шоҳи нави Саудӣ меравад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико

Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико ҳамроҳ бо ҳамсараш барои дидори шоҳи нави Саудӣ - Салмон бинни Абдулазиз меравад. Ӯ дар пайи фавти бародараш Абдуллоҳ рӯзи ҷумъа ба тахти шоҳӣ нишаст.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 27 январи соли ҷорӣ якҷоя бо ҳамсараш – Мишел Обама барои дидори шоҳи нави Саудӣ Салмон бини Абдулазиз хоҳанд рафт.

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ки рӯзи якшанбе ба Ҳиндустон сафар мекунад, қарор буд, то се рӯз дар он ҷо бимонад ва аз қасри мармарии Тоҷмаҳал дар Агра низ боздид намояд. Вале ба далели тарҳи сафараш ба Саудӣ ӯ рӯзи сешанбе, як рӯз қабл аз анҷоми сафараш ба Ҳиндустон, ин кишварро тарк хоҳад гуфт.

Кохи Сафед мегӯяд, Обама рӯзи якшанбе бо Нарендра Модӣ - нахуствазири Ҳиндустон дидор ва гуфтугӯ карда, баъдан дар маросими ҷашни 65-умин солгарди Рӯзи ҷумҳурӣ ҳам ширкат хоҳад ҷуст. Соли 1950 Қонуни асосии Ҳиндустон эътибор пайдо карда буд.

Ҷош Эрнест - сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Барак Обама ва Мишел Обама - ҳамсари раиси ҷумҳур рӯзи сешанбе ба Риёз мераванд ва бо Салмон бин Абдулазиз - шоҳи нави Арабистони Саудӣ мулоқот мекунанд. Дар хабарҳои ибтидоӣ гуфта шуда буд, Ҷо Байден - муовини раиси ҷумҳури Амрико барои мулоқот бо шоҳи нав ба Арабистони Саудӣ меравад. Вале Ҷош Эрнест гуфт, Кохи Сафед барномаи ин сафарро тағйир дода ва акнун сафари Байден лағв шудааст ва Обама дар бозгашт аз Ҳиндустон вориди Риёз мешавад.

Салмон бинни Абдулазиз, шоҳи нави Арабистони Саудӣ
Салмон бинни Абдулазиз, шоҳи нави Арабистони Саудӣ

Ин хабар дар ҳоле пахш шудааст, ки намояндагони боломақом ва раҳбарони кишварҳои ҷаҳон баъд аз як рӯзи дафни Абдуллоҳ - шоҳи Арабистони Саъудӣ вориди ин кишвар мешаванд, то таслияти худро ба шоҳ Салмон - раҳбари нави ин кишвар баён кунанд.

Рӯзи 23 январ раҳбарони кишварҳои Халиҷи Форс ва раҳбарони кишварҳои дигар, аз ҷумла Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар миёни меҳмонон ва раҳбарон баъд аз намози пешин дар маросими ҷаноза дар шаҳри Риёз ҳузур ёфтанд. Шоми ҳамон рӯз садҳо нафар шаҳрвандони Саудӣ ба қасри шоҳ ворид шуданд, то ба таври рамзӣ вафодориву садоқати худро аз Шоҳ Салмон - раҳбари нави 79-солаи ин кишвар ва ба валиаҳд Муқрин иброз доранд. Муқрин баъд аз Салмони 79-сола шоҳи навбатии ин кишвар хоҳад буд ва ҳоло 69 сол дорад.

Маҳмуд Аббос, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин; Наҷиб Разоқ, нахуствазири Малайзия ва Фуод Маъсум, раиси ҷумҳури Ироқ баъдтар барои расондани таслият вориди Арабистони Саудӣ шуданд. Раҳбарони кишварҳои ғайримусулмоннишин дар давоми рӯзи 24 январ вориди Риёз мешаванд, ки Дэвид Камерон - нахуствазири Бритониё, Чарлз -шоҳзодаи Бритониё, Франсуа Олланд - раиси ҷумҳури Фаронса ва Дмитрий Медведев -нахуствазири Русия аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 23 январ дар номае ба подшоҳи нави Арабистони Саудӣ Салмон бини Абдулазиз даргузашти Малик Абдуллоҳ бин Абдулазизро таслият гуфта буд. Дар ин паём аз ҷумла омада буд: “Бо реҳлати малик Абдуллоҳ мо бародари азизи мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи халқҳои мусулмонро аз даст додем, ки дар назди Уммат хидматҳои бузургеро адо намуда буд ва дар масоили тақдирсози он ҳамеша мавқеи қотеъ дошт.”

Малик Салмон - раҳбари нави Арабистони Саудӣ баъд аз чанд соати нишастан ба курсии раҳбарӣ эълон кард, сиёсати шоҳи пешинро идома хоҳад дод. Вале таҳлилгарон мегӯянд, ин кишвар дар пеш ба чолишҳо рӯбарӯст ва бояд ба даъватҳо дар бораи анҷоми ислоҳот посух диҳад. Бо вуҷуди ин ки Саудӣ бузургтарин кишвари нафтии ҷаҳон ба шумор меравад, барои аҳолии зери синни 25 ҷойҳои кофии корӣ вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG