Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти амниятии Кӯлоб аз пайвастани теъдоде аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба “Гурӯҳи 24” хабар додаанд.

Мақомоти амниятӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфтаанд, ки шуморе аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба "Гурӯҳи 24" пайвастаанд. Намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон авоили ин ҳафта дар Кӯлоб ин ҳарфро зимни сӯҳбат бо донишҷӯёни донишгоҳи ин шаҳр, ки дар мавзӯи ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷараён доштааст, баён доштаанд.

Донишҷӯёне, ки дар ин чорабинӣ ширкат доштаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ теъдоди мушаххаси донишҷӯёни аъзои гурӯҳи мамнӯъэълоншударо нагуфтанд, аммо таъкид карданд, ки рафтори ҳар яки онҳо зери назар қарор дорад. Ҳатто таъкид шудааст, ки “бархе аз ин донишҷӯён дар хонаводаҳои зиёиён тарбия меёбанд”.

Бо баёни ин ҳарф мақомоти амниятӣ хатари гурӯҳҳои ифротиро ба донишҷӯён шарҳ дода, аз онҳо даъват кардаанд, ки ҳангоми даъват шудан ба чунин гурӯҳҳо, бо мақомот тамос бигиранд.

-Ба мо гуфтанд, ки танҳо дар сурате амнияти комил дар Тоҷикистон пурра ҳумфармо мегардад, ҳамаи сокинон якдилона аз ҳузури омилҳои хатарэҷодкунанда ба мақомот хабар диҳанд ва дар якҷоягӣ хатарро бартараф намоем,-гуфт, яке аз ширкаткунандагони ин чорабинӣ.

Намояндагони мақомоти амниятӣ дигар шарҳ надодаанд, ки бо ин “донишҷӯёни аъзои “Гурӯҳи 24” чӣ хоҳанд кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон 9-уми октябри соли ҷорӣ фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро ифротӣ хонда, онро мамнӯъ эълон кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG