Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти боз се созмони иҷтимоӣ


Бо қарори додгоҳ фаъолияти се созмони иҷтимоӣ дар пайи шикояти вазорати адлия қатъ карда шуд.

Раъно Каримова, сардори раёсати сабти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии вазорати адлияи Тоҷикистон, зимни таъиди ин хабар рӯзи 12-уми сентябр ба радиои «Озодӣ» гуфт, бинобар нақзи қонунҳои Тоҷикистон ва баромадан аз ваколат ин раёсат ҷиҳати қатъи фаъолияти се ташкилоти ҷамъиятӣ ба додгоҳ муроҷиат кардааст:

«Додгоҳ фаъолияти ин се ташкилотро дар асоси аризаи мо дида баромад ва бинобар ҷой доштани қонуншиканиҳо фаъолияти онҳоро манъ кард. Ин се ташклот «Миллениюм- тарақиёт дар ҳамкорӣ», ташкилоти ҷамъитӣ хайриявии ҷавонон «Уфуқ» ва Маркази ҷамъиятии тарбия ва таълими ҷавонон ҳастанд».

Хонум Каримова афзуд, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон бояд ҳар як созмони ҷамъиятӣ то якуми апрели ҳар сол доир ба фаъолияти худ ба вазорати адлияи Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунад. Аммо Каримова мегӯяд 1546 ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки маълумотро бояд бевосита ба вазорати адлия пешниҳод кунанд, танҳо 680 ададашон ин корро анҷом доданду халос.

Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо давоми соли ҷорӣ 33 адад ташкилотҳои ғайридавлатӣ бо ҳоҳиши худ фаъолияташонро қатъ кардаанд ва раёсати мазкури ин вазорат ба унвонии 17 ташкилоти ғайридавлатии дигар ҷиҳати ислоҳи қонунвайронкуниҳо огоҳинома ирсол кардааст.

Қазияи охири басташвии пурсарусадои созмони ғайроидавлатӣ бар асоси шикояти вазорати адлия дар вилояти Суғд иттифоқ афтода буд. Моҳи октябри соли 2012 додгоҳи шаҳри Хуҷанд аризаи шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғдро муҳокима намуда, ҳукм кард, ки Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» баста шавад. Ба гуфтаи Раёсати адлияи вилояти Суғд сабаби шикоят ин буд, ки суроғаи ҳуқуқии ин анҷуман гӯиё бо суроғаи воқеии дар гузоришҳои расмӣ пешниҳодшуда мувофиқат намекард. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд сабаби аслии басташавии ин созмон сирф сиёсӣ буда, ба ифшогариҳои ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар артиши Тоҷикистон марбут аст. Идаое ки вазорати адлияи Тоҷикистон онро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG