Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Айвоннишинӣ тамом шуд. Балконҳо ба асли хеш бармегарданд (ВИДЕО)


Шаҳрдории Душанбе аз соҳибони манзилҳои баландошёна дар кӯчаҳои марказии пойтахт хостааст, ки айвони хонаашонро ба шакли аввала баргардонанд. Мақомот мегӯянд, аксари сокинон айвонҳоро мувофиқи диди худ пӯшонда ва рангу бор кардаанд, ки "ҳусни шаҳрро костааст".

Муқим Маҷидов, раҳбари идораи “Соҳибмулкони манзил”, рӯзи 25-уми август, ҳангоме ба сокинон огоҳиномаи расмиро тақсим мекард, гуфт, онҳо дар аввал мехоҳанд, ки ин корро бе маҷбурӣ анҷом диҳанд. Дар сурати ғайр, гуфт ӯ, сокинон барои сарпечӣ аз ин кор ҷарима хоҳанд шуд.

Сокинон дар навбати худ барои пӯшон дани пешайвонҳо ва рангу бор далели худро доранд. Онҳо мегӯянд, ки чангу ғубор ва садои баланди мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои марказӣ онҳоро барои маҳкам кардани пешайвонашон маҷбур кардааст.

Мардум чӣ мегӯянд?

Як сокини бинои баландошёна дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт гуфт, “баъзеҳо дар хонаи дуҳуҷрагӣ аз ҳашт то даҳ нафар зиндагӣ мекунанд ва барои онҳо майдони васеътар зарур аст. Шояд барои васеъ кардани масоҳати ҷойи зисташон айвонҳоро низ мисли хона маҳкам карда гирифтаанд. Ба фикрам, ягон ҷои бадӣ надорад.”

Мақомоти шаҳрдории Душанбе мегӯянд, дар навбати аввал бояд бошандагони манзилҳои баландошёна дар кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт айвонҳои худро ба шакли аввалааш баргардонанд, яъне ҳамон тавре ки дар тарҳи меъморӣ дарҷ шудааст.

"Балкон", баъди танӯру "гараж"

Муборизаи ҳукуматҳо, чӣ дар замони Шӯравӣ ва чӣ ҳоло, бо либосу кӯрпаву болишти сокинон, ки маъмулан дар балкон ё айвон овехта мешаванд, то ҳол натиҷае надодааст. Дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт, аз ҷумла бинои маъруф бо номи "девори чинӣ" дар маҳаллаи 33, айвони хонаҳо пур аз либосу кӯрпа ва антеннаҳои моҳворӣ буда, зоҳиран вазифаи анбор ва ҷойи хушк кардани либосро адо мекунанд.

Мақомоти пойтахт дар ҳоле ба тоза кардани айвони биноҳои баландошёна камар бастаанд, ки чанд моҳи охир тибқи як дастур танӯрхонаву “гараж”- и сокинон дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе вайрон карда шуда, ҷои бозии кӯдакон ва ҳавлии биноҳо васеътар карда шуд.

Масъулон ин тасмимро ҳам ба хотири тозагӣ, амнияти сокинон ва ҳусни шаҳр арзёбӣ карданд, аммо сокинон гуфтанд, ки баъди ин дастур маззаи нони хонагиро гум карда, акнун барои мошинҳои худ соатҳо тавқифгоҳ мекобанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG