Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ оташбаси якҷониба эълон кард


Пас аз даргирҳои шадид миёни низомиёни Арманистон ва Озарбойҷон, ки рӯзи 2-юми апрел оғоз шуд, Боку рӯзи якшанбе эълон кард, ки тасмим ба оташбаси якҷониба дар ҷангҳои Қарабоғи Кӯҳӣ гирифтааст.

Дар ҳоле, ки дар ду рӯзи ахир даргириҳои пайдарҳам миёни нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷону Арманистон дар минтақаи баҳсбарангези Қарабоғи Кӯҳистонӣ идома дорад, вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки кишвараш ба таври якҷониба тарафи муқобилро ба оташбас даъват кардааст.

Вазири дифои Озарбоҷон гуфтааст, ин тасмим баъд аз даъватҳои созмонҳои байналмиллалӣ гирифта шудааст. Ба гуфтаи вазорати дифои Озарбойҷон, мавзеъҳои дар ҳамин рӯзҳои ҷанг ба контрол даровардаи худро таҳким мебахшад. Аз оғози ин даргириҳо дар бомдоди 2 апрел то ҳол аз ҷониби Озарбойҷон 12 низомӣ ва аз ҷониби Арманистон 18 низомӣ ва 2 ғайринизомӣ ба қатл расидаанд.

Вазорати дифои Озарбойҷон гуфтааст, ки агар нерӯҳои Арманистон ва ё ҷудоихоҳони Қарабоғи Кӯҳӣ ба сӯи онҳо дар минтақаи баҳсбарангез тирандозӣ кунанд, онҳо ба оташ ҷавоб хоҳанд дод.

Бино ба гузоришҳо, субҳи 3 апрел низ байни нерӯҳои Озарбойҷон ва Арманистон тирандозиҳои пароканда сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш байни нерӯҳои ин ду кишвари ҳамсоя ҷангҳои шадид идома дошт. Қарабоғи Кӯҳистонӣ минтақаи баҳсбарангез аст ва ду даҳсола дар контроли арманитаборон мебошад.

Пештар Боку гуфта буд, ки нерӯҳои Арманистон оташбаси 21-сола дар Қарабоғи Кӯҳистониро дар давоми 24 соати гузашта 130 бор нақз кардаанд. Аз ҷумла, шаби 3 апрел ва субҳ ҳам аз қаламрави Арманистон ва ҳам аз қаламрави Қарабоғи Кӯҳистонӣ аз тӯпҳо оташ кушодаанд.

Вазорат ҳамчунин 3 апрел иддао кард, ки нерӯҳои Озарбойҷон ба тирандозиҳои ҷониби Арманистон ба рустоҳои Қазоқ, Горанбой, Тартар, Оқдом, Хуҷавеанд ва Физулӣ оташи ҷавобӣ кушодаанд. Вале низомиёни Арманистон Озарбойҷонро муттаҳам мекунанд, ки 2-юми апрел нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон бо тонку тӯп ва чархболҳои ҷангӣ, ҳамларо оғоз намудаанд.

Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки нерӯҳои онҳо “як баландии стратегӣ ва маҳаллоти зист”-ро ба контроли худ даровардаанд ва 6 тонки Арманистонро дар маҳали ҷанг хароб кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, як чархболи ҷангии Озарбойҷон суқут дода шудааст ва як тонки онҳо дар мина таркидааст.

Арманитаборони ҷудоихоҳ 3 апрел гуфтанд, ки онҳо баъзе баландиҳои стратегиро дубора ба ихтиёри худ гирифтаанд ва чанд тонки Озарбойҷонро аз кор баровардаанд. Наворбардори Радиои Озодӣ дар ин минтақа аз қавли сокинони рустоҳои Тартар ва Оқдара мегӯяд, ки нерӯҳои озарӣ низ субҳи 3 апрел тонкҳои арманиро зада хароб кардаанд.

Дар ҳамин ҳол дафтари раиси ҷумҳури Туркия 3 апрел гуфт, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон қавл додааст, ки “то охир аз Озарбойҷон дифоъ хоҳад кард”. Амрикову Русия ва САҲА аз ҷонибҳои даргир хостаанд, ки ба тирандозиву ҷанг хотима диҳанд.

Гурӯҳи Мински САҲА ба нақша гирифтааст, ки 4 апрел дар Вена мулоқот ва гурӯҳи Минскро ташвиқ кунад, ки 5 апрел ҷанги Арманистону Озарбойҷонро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG