Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиёр Худойназаровро дар Берлин ба хок супурданд


Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик
Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик

Коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров, ки 21 апрел баъд аз ранҷҳои зиёдаш аз саратон дар ғурбат даргузашт, нисфирӯзии ҷумъа дар Берлин ба хок супурда шуд.

Нисфирӯзи 24 апрел дар шаҳри Берлин маросими бахоксупории коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров баргузор шуд.

Ба иттилои сафири Тоҷикистон дар Олмон -- Маликшоҳ Неъматов дар маросими хайрбод дар ибодатгоҳи провославии русӣ, ки дар назди қабристон амал мекунад, ҳудуди 45-50 дӯсту ҳамкори ин филмсози маъруф иштирок кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни онҳо, дӯстону ҳамкорони коргардон аз Русияву Олмон ва ба намояндагӣ аз Тоҷикистон - дипломатҳои сафоратхонаи ин кишвар дар Берлин ҳузур доштанд ва ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба модари коргардон изҳор карданд.

"Дар миёни меҳмонон ҳунарпешаи маъруфи рус Ирина Розановаро шинохтам, ки аз Маскав омада буд,"--гуфт дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ Маликшоҳ Неъматов. Ба ширкатдорони маросим ҳаққи аксу наворбадорӣ дода нашудааст.

Хонум Октябрина, модари коргардони маъруф, ки то охирин нафаси писараш дар канори ӯ буд, ба меҳмонон гуфт, мехоҳад ин маросим чун як маъракаи хонаводагии онҳо дар ҳалқаи дӯстони азизи писараш баргузор шавад. Қаблан хонум Октябрина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо тасмими аҳли оила, қарор шуд ҷанозаи Бахтиёр Худойназаров

қабристони Тегел дар Олмон манзили охирати Б.Худойназаров шуд
қабристони Тегел дар Олмон манзили охирати Б.Худойназаров шуд

дар оромгоҳи провославии русӣ дар шаҳри Берлин, воқеъ дар хиёбони Виттештрассе (Wittestrasse) баргузор шавад. Ин оромгоҳ, ки бо номи "қабристони Тегел" ҳам маъруф аст, ҳанӯз соли 1893 бунёд шуда, дар он беш аз 3000 нафар, аз ҷумла хешу наздикони афроди саршиноси рус, ба мисли падари нависадаи маъруф Владимир Набоков, падари коргардон Михаил Эйзенштейн хоксупорӣ шудаанд.

Бахтиёр Худойназаров рӯзи 21 апрел, соати 6:30-и субҳ, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Берлин аз дунё гузашт. Ӯ 49 сол дошт. Чандин соли охир аз саратон азият мекашид ва моҳҳои охир вазъи сиҳҳатиаш хеле сангин шуда, дар як бемористони Берлин бо кумаки модараш таҳти муолиҷа қарор дошт. Қарор шуд, бо васияти худи коргардон ӯро дар Берлин ба хок супоранд.

Бахтиёр Худойназаров яке аз машҳуртарин коргардонҳои синамо соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, пас аз хатми Донишкадаи кинематографияи Шӯравӣ дар Маскав соли 1989 бо филми “Братан” шӯҳрат ёфтааст. Филми дигари ӯ “Қош ба қош”, ки соли 1993 бардошта шуд, дар ҷашнвораи Венетсия ҷоизаи “Шери нуқра” гирифт.

Аз аввалин филмаш бо номи “Братан” Бахтиёр Худойназаров нишон дод, ки соҳиби сабк ва нигоҳи хоси синамоии худ аст. Ин сабк дар “Қош ба қош” рӯшантар ба назар расид, ҳарчанд дар вазъи душвори оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992 наворбардорӣ мешуд. Дар бархе аз саҳнаҳои он нишонаҳои ин ҷанг, ҳаракати афроди мусаллаҳ ва зиреҳпӯшҳо ба мушоҳида мерасад, ки коргардон онҳоро бадоҳатан ба навор гирифт ва ба матни филм ҳамроҳ кард. Ба сурати умум ғуссаи сахт аз вазъи ватанаш оҳанги ботинии ин филмро ташкил додааст.

Дар интизори баҳр» асари шашуми Бахтиёр Худоназаров буд, ки ҷашнвораи соли 2012-и Румро оғоз бахшид. Худоназаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба ҷуз ин асар боз филми «Братан», «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ», «Шик» ва «Танкери Танго»-ро наворбардорӣ кардааст. Маъруфтарин филми Худоназаров «Падари моҳтобӣ» аст, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда чандин ҷоизаи байнулмилалӣ гирифтааст. Коргардон аз ҳамсари охираш ҷудо шуда, бефарзанд буд.

XS
SM
MD
LG