Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухлиси Баха-84 соҳиб пайдо накард ва ба хок супурда шуд


Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҷасади ҷавонеро, ки дар паси як мактаби миёнаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайдо шуда буд, баъди ду моҳи нигоҳдорӣ дар сардхона ба хок супурданд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 25 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз тариқи тамоми расонаҳои кишвар акси ӯро нашр карданд, вале касе шахсияти ӯро нашинохт.

"Дар тамоми расонаҳо аксаш нашр шуд, аммо касе пайдо нашуд, ки ӯро шиносад ва ҷасадашро соҳибӣ кунад. Аз ин рӯ, тибқи муқаррарот гӯру чӯб карда шуд", - гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Бахтиёр Қосимов, маъруф ба Баха-84

Бахтиёр Қосимов, маъруф ба Баха-84

Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ташхиси пизишкӣ-додгоҳӣ маълум кард, ин ҷавон худкушӣ кардааст. Аммо гуфтанд, ба далели пайдо нашудани наздикону дӯстон ва маълум набудани вазъи зиндагӣ иллати чунин рафтори ҷавон норӯшан боқӣ мондааст. Ҷасади ӯ субҳи 5 сентябри соли ҷорӣ дар паси як мактаби миёнаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайдо шуд.

Аз телефони ҳамроҳи ин ҷавон як акси ӯ бо рэпсарои маъруф Бахтиёр Қосимов, маъруф бо Баха-84 пайдо шудааст. Рэпсарои тоҷик Бахтиёр Қосимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтишот дар робита ба пайдо шудани ҷасади ин ҷавон ба ӯ муроҷиат кардааст, вале ӯ гуфтааст, ки ин ҷавонро намешиносад. Вай афзуд, “ҳамеша баъди консертҳо мухлисон бо ман акс мегиранд ва ин ҷавон ҳам аз он ҷумла аст, ки бо ман акс гирифтааст.”

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, чанд рӯз пеш аз дарёфти ҷасади мазкур барномаи консертии Баха-84 дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд баргузор шуда, ин ҷавон бо ҳамроҳии Баха-84 акс гирифтааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, қади ин ҷавон 165 -170 сантиметр, мӯйи сараш сиёҳ, рӯяш даврашакл, биниаш рост буда, дар танаш куртаи варзишии хокистаранги остиндароз бо навиштаҷоти «CANADA», шими ҷинси рангаш кабуд ва дар пояш пойафзоли варзишӣ дошт. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҷасади ин ҷавон ба хок супурда шуд, вале онҳо талош доранд, шахсияти ӯро дақиқ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG