Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нонпазхонаҳои Душанбе дари худро бастанд. ВИДЕО


Даҳҳо нонпазхонаи Душанбе дар пайи дастури ҳукумати пойтахт маҷбур шудаанд, ки ҳадди ақалл то фасли баҳор ва кам шудани эҳтиёҷи сокинон ба нерӯи барқ ба дари корхонаҳои худ қуфл зананд. Шаҳрдории Душанбе амр додааст, барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ нонвойхонаҳои барқӣ кор накунанд.

Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дошта бошад ҳам, ҳамасола дар фасли зимистон бо камбуди нерӯи барқ дучор мешавад, ки дар навбати худ боис ба мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад.

Сиёвуш Одинаев, мутахассиси пешбар дар Хадамоти назорат дар соҳаи барқ, рӯзи 3 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳудуди Душанбе беш аз дусад нонвойхона фаъолият дошт. Аз ин ҳисоб 111 корхонаи нонпазиро маҳкам кардем. 86 адади дигараш ба дигар навъи сӯзишворӣ гузаштанд. Нонвойхонаҳои боқимонда пурра кор нанмекунанд. Ин сабаб мешавад, ки ба сокинон имкони додани қувваи барқ бештар шавад."

Гузориши видеоӣ инҷост:

Нонпазхонаҳои Душанбе дари худро бастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

"Агар танӯри барқӣ набошад..."

Ин масъули Хадамоти назорат дар соҳаи барқ мегӯяд, бар асоси таҷрубаи онҳо дар сурати аз нерӯи барқ истифода накардани нопазхонаҳо ё ба дигар навъи сӯзишворӣ гузаштани онҳо "истифода аз нерӯи барқ дар пойтахт 1 ё 1,5 баробар камтар мешавад".

Масъулони нонпазхонаҳо метавонанд, ба истифодаи ангишту ҳезум гузаранд, вале ба гуфтаи худашон мумкин аст, нархи нон гарон шавад ва мардум ҳам ба наздашон наоянд. Фахриддин Набиев, як нонпази Душанбе гуфт, "бо истифода за нерӯи барқ пӯхтани нон хуб аст. Бо ангишт вазнинтар аст, ба саломатӣ зиён дорад. Кораш мушкил нест, лекин ба саломатӣ зарар дорад." Набиев дар посух ба суоли онки истифода аз ангишт бештар ба саломатии сокинони зиён дорад, ё онҳо? гуфт, "ба саломати мо зиён дорад, зеро доим дуд аст".

"Нон ҳоло қимат нашудааст"

Баръакси интизориҳо қатъи кори нонвойхонаҳои барқӣ ва ба сӯзишвории маъмулӣ гузаштани баъзе аз онҳо зоҳиран ба қимати нон таъсири зиёд нагузоштааст. Мухтасар Султонова, яке аз фурӯшандаҳои нон гуфт, "ҳоло нарх боло нарафтааст. Нонро бо нархи пешина дастрас ва мефурӯшем. Пештар нони калон 3 сомонӣ буд, ҳозир ҳам ба 3 сомонӣ фурӯхта мешавад, на бештар аз он."

Маълум нест, нонвойхонаҳои баста дар оянда сабаби боло рафтани нони ба истилоҳ бозорӣ мешаванд, ё не. Аммо мақомот мегӯянд, корхонаҳои бузурги нонпазии барқии Душанбе қодир ба таъмини тамоми аҳолӣ бо нон ҳастанд. Соҳибони 111 нонвойхона то замони гармӣ бояд мунтазир монанд ва манбаи дигаре барои таъмини хонаводаи худро бо нон пайдо кунанд.

Тоҷикистон то кай мушкили бебарқӣ хоҳад дошт?

Сокинони бархе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ду ҳафта боз аз пайваста қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ба манзилҳояшон хабар медиҳанд. Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" низ дар як маврид қатъ шудани нерӯи барқро дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт тасдиқ карда, вале гуфтанд, ки мушкили техникӣ пеш омада буд ва барои ин аз сокинон узр мехоҳанд.

Тоҷикистон ҳар сол дар айёми тирамоҳу зимистон бо камбуди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон низ охири моҳи ноябри имсол дар ҳамоиши оби Будапешт, дар Маҷористон гуфт, "Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дошта бошад ҳам, ҳамасола дар фасли зимистон бо камбуди нерӯи барқ дучор мешавад, ки дар навбати худ боис ба мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад."​

XS
SM
MD
LG