Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳтарам" бояд гуфт ё "мӯҳтарам”? Бозгашт ба баҳси "ӯ" ва "у"


Баъди 5 соли ба иҷро даромадани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, бархе аз донишмандон талош доранд, то истифодаи у-и дароз дар вожаҳои арабӣ ва бахусус пеш аз "ҳ" ва "ъ" имконпазир гардад.

Як гурӯҳ аз забоншиносони тоҷик ба зудӣ мушаххас хоҳанд кард, ки дар 66 вожаи арабие мисли "муътабар", "муҳтарам", "муътазила" ва... "туҳфа" пеш аз ҳарфи "ҳ" ва "ъ" "ӯ" (у-и дароз) навишта хоҳад шуд, ё на. Ин гурӯҳ аз 11 нафар иборат аст ва хулосаашро дар ин замина аввал дар матбуот нашр карда, сипас бо вокунишҳо ба дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ хоҳад фиристод.

Як манбаъ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи 8 апрел ба Озодӣ гуфт, дар асл ин гурӯҳи забоншиносон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қоидаи имлои забони тоҷикиро таҳия доранд. Ӯ гуфт, азбаски ҳоло тарҳ ниҳоӣ нашудааст, дар бораи ҷузъиёташ сӯҳбат карда наметавонад.

"Аммо муҳимтарин тағийрот ҳамон истифодаи у-и дароз дар вожаҳои арабӣ ва пеш аз садонокҳои "ҳ" ва "ъ" аст," – таъкид дошт мусоҳиби мо.

Дар гузашта "ӯ" (у-и дароз) дар калимаҳои арабие мисли "муҳтарам" истифода мешуд, аммо дар қоидаи нави имлои забони тоҷикӣ, ки соли 2011 аз сӯи ҳукумат тасвиб ва ба иҷро даромад, ҳазф гардид ва ҷояшро ба "у" дод. Дар банди марбут ба садонокҳои ин қоида низ гуфта шудааст:

"Ҳарфи ӯ (у-и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ (й), рӯ (й), мӯ (й) ва ғ.

Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад.

Эзоҳ. Ҳарфи ӯ дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ӯгай, ӯрда, ӯғур, ӯмоч ва ғ."

Баҳридин Камолиддинов, донишманди тоҷик, рӯзи 8 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ӯ ҳам дар гурӯҳи забоншиносонест, ки дар масъалаи истифодаи “ӯ” дар вожаҳои арабӣ таҳқиқ доранд. Ӯ гуфт, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба шакли духӯра навишта шуда ва тайи беш аз 5 соли мавриди иҷрояш низ нофаҳмиҳоеро ба бор овардааст.

Камолиддинов мегӯяд, дар сурати истифодаи у-и дароз дар вожаҳои арабӣ ва пеш аз ҳамсадоҳои “ҳ” ва “ъ” мушкили натанҳо хонандагону донишҷӯён ва кормандони идораҳо, балки хабарнигорон низ осон хоҳад шуд. "Худатон медонед, вақте як калима аз як забон ба забони дигар мегузарад, бояд бо фонетикаи ҳамон забон мувофиқ карда шавад. Бояд ба шаклсозии ҳамон забон мутобиқ карда шавал. Вагарна ин калимаҳо ҳазм нахоҳанд шуд ва дугунанависӣ ҳамаи моро роҳгум хоҳад занонд," – афзуд ӯ.

Аммо яке аз муаллифони асосии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва раиси собиқи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Додихудо Саймуддинов қаблан дар суҳбаташ дар ин бора ба Озодӣ гуфта буд, ки “қоидаҳои имло барои солҳои 70 буд аслан. Қоида бароварда будем дар вақташ, дар калимаҳое, ки ҳиҷои аввал бо “ҳ” хатм мешавад, масалан, “туҳфа”, бояд ҳатман “ӯ” навишт. Ё дар калимаи “муҳр”. Охир инҳо “вов” надоранд. Вақте ки “ӯ”-ро дар имло номаш “вови маҷҳул” аст, бояд шарм кунем, чунки онҷо на “вов” аст, на “вови маҷҳул” на “маъруф”. “Вов” умуман нест.”

Имлои забони тоҷикӣ дар даврони истиқлоли кишвар ду бор - дар солҳои 1998 ва 2011 таҳрир хӯрдааст. Охирин қоидаи имлои забони тоҷикӣ 4 октябри соли 2011 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Талошҳои ислоҳи имло аз он ҷо маншаъ мегиранд, ки дар матбуот шаклҳои гуногуни навишти калимаҳо ва истифодаи бемеъёри калимаҳо аз забонҳои дигар ба авҷи худ расида, ҳатто раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як паёмаш ба ин масъала ишора карда буд.

XS
SM
MD
LG