Пайвандҳои дастрасӣ

9 сол зиндони як сокини Исфара барои қатли "ошиқ"-и духтараш


Акси Ҳизбаллоҳ Басирҷонзодаи 19-сола

Акси Ҳизбаллоҳ Басирҷонзодаи 19-сола

Бадриддин Шаропов, сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ки дар куштори Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода муттаҳам мешуд, ба 9 соли зиндон маҳкум гардидааст.

Додгоҳи шаҳри Исфара Бадриддин Шаропов, сокини ҷамоати Чоркӯҳро барои куштори Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода, ки бо духтари ӯ дӯстӣ дошта ва мехостааст издивоҷ кунад, 9 сол ба зиндон фиристодааст. Ин куштор рӯзи 7 январи соли ҷорӣ дар манзили Бадриддин Шаропов иттифоқ уфтода, алайҳи ӯ бар асоси банди яки моддаи 104−и кодекси ҷиноӣ, яъне "одамкушӣ” парванда боз шуда буд.

Басирҷон Зарифов, падари Ҳизбаллоҳ, рӯзи 18 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, намояндаи додситонӣ барои Бадриддин Шаропов 14 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда, аммо додрас ба ӯ нӯҳ соли зиндонро раво дидааст. Зарифов мегӯяд, аз ин ҳукми додгоҳ ризо нест ва агар зарур шавад, барои ҳақ ба ҳақдор расиданаш то дари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хоҳад рафт.

Аммо наздикони Бадриддин Шаропов дар бораи ин қазия аслан суҳбат накарда ва ҳам нагуфтаанд, оё аз болои ин қарор ба зинаҳои болотар шикоят хоҳанд бурд ваё - не.

Акси Ҳизбаллоҳ

Акси Ҳизбаллоҳ

Пайвандони Ҳизбаллоҳи 19-сола мегӯянд, писарашон Д. ном духтари Бадриддин Шароповро дӯст медошт, вале ба далели он ки оилаи онҳо аз қишри камбизоат аст, хонаводаи духтар мухолифат нишон дода, билохира ин қазияи ошиқиро бо куштори Ҳизбаллоҳ поён додаанд. Басирҷон Зарифов гуфт, "писарамро чанд дафъа латту кӯб карда буданд. Баъд худам ба хонаи Бадриддин хостгорӣ рафтам. Гуфтам, ҳамин гапу корҳоро як сӯ гузоред ва духтаратонро ба мо диҳед. Аммо онҳо не гуфтанд."

Зарифов мегӯяд, наздикони Шаропов пеш аз қатли Ҳизбаллоҳ ҳатто ба манзили онҳо омада, оинаи тирезаҳоро шикаста рафтаанд. Ба нақли ӯ, рӯзи 7 январи соли ҷорӣ Бадриддин Шаропов тариқи телефон писари ӯро ба хонаашон даъват карда, хостори суҳбати рӯ ба рӯ бо вай мешавад.

Ба таъкиди Басирҷон Зарифов, Шаропов ба писараш Ҳизбаллоҳ таъкид мекунад, танҳо баъд аз намози хуфтан ба хонааш биёяд: “Писарам дар ҳузури модараш мепурсад, ки мабодо ӯро намезанад. Аммо Бадриддин Шаропов қавл медиҳад, ӯро намезанад. Вале шаб, вақте писарам ба хонаи онҳо меравад, ӯро мезананд ва... мекушанд. Танҳо пагоҳ ба модараш хабар додаанд, ки ҷасади писарамонро омада аз мурдахона гиранд.”

Ҳарчанд хонаводаи Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода куштори писари нуздаҳсолаашонро “гурӯҳӣ” унвон мекунанд ва яке аз талабҳояшон ин аст, афроди дигар ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, аммо Муродалӣ Умурзоқов -- муфаттиши додситонии Исфара қаблан ба Озодӣ гуфта буд, ин иддао асоси худро наёфтааст.

Издивоҷҳо дар Тоҷикистон вақтҳои охир бештар на бар асоси ишқу муҳаббат, балки бар пояи сатҳи дороӣ ва обрӯмандии оилаҳо сурат мегиранд. Мушоҳида мешавад, волидайн ҳангоми оиладор кардани фарзандонашон бештар аз мақоли “Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз" кор мегиранд.

Ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз минтақаҳои мазҳабии Тоҷикистон ба шумор рафта, мардумаш шадидан тибқи қоидаҳои шариати ислом ба сар мебаранд. Ин аст, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, қазияи мазкур то андозае паҳлӯи номусӣ ва динӣ низ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG