Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли шаш зани ҳомила тавассути чархбол аз Бартанг ба Хоруғ


Мақомоти вилояти Бадахшон гуфтанд, ки 28 сокини бемори минтақаи Бартанг, аз ҷумла шаш зани бордорро тавассути чархболи Вазорати дифоъ ба бемористони марказии Хоруғ интиқол додаанд. Бартанг тайи моҳҳои охир ба далели барфбории шадид ва фаромадани тарма дар инзиво қарор дорад ва роҳҳои заминӣ ба ин минтақа ҳанӯз бастааст.

Мутаассифона, дар баъзе ҷой ба монанди миёни деҳаҳои Сипонҷ ва Басиду Савноб куҳпора фаромадааст. Сангҳои калонро таркондан лозим аст. Мо маводи таркандро бурдем ва кор ба зудӣ анҷом мегирад.

"Баъзеҳоро дар Рӯшон гузоштем"

Шодихони Ҷамшед – раиси вилояти Бадахшон – рӯзи 29 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи беморон дар шифохонаҳои Хоруғу Рӯшон ҷойгир ва аз онҳо ба таври зарурӣ муроқибат хоҳад шуд. "Асосан занҳои бордорро овардем, ки замони таваллудашон наздик аст. Як қисматашон хостанд, ки дар бемористони марказии Рӯшон бимонанд. Онҳоро дар ҳамонҷо гузоштем. Хулоса, ҳар беморе, ки дар Бартанг буд, ба марказ овардем. Ба пизишкон супориш шудааст, ки ба сокинони водии Бартанг ва ноҳияҳои дигари дурдаст ёрии худро расонанд. Бо ин масъала ҷиддан машғул мешавам."

Шодихони Ҷамшед
Шодихони Ҷамшед

Ватаншо Мирзоев, раиси маркази тандурустии Рошорв, яке аз деҳаҳои Бартанг, гуфт, дар миёни беморон афроди мубталои зардпарвин ва хунравӣ аз шуш низ ҳастанд. "Банди дасти яке аз онҳо шикаста буд ва воқеан ба кумаки табибон ниёз дошт", - афзуд ӯ.

Рошорв, Ғударра ва Басид чӣ ҳол доранд?

Чархболи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 29 март ба рустоҳои Рошорв, Ғударра ва Басиди Бартанг маводи ғизоӣ бурда буд. Сокинони рустои Рошорв дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ёриҳо асосан аз шакару макарон, равған, чойи хушк ва намак иборатанд. Зикруллоҳ Тоирбеков, сокини ин русто гуфт, "ба деҳаи мо 150 кило шакар, 29 қуттӣ собун, 8 халта макарон, 66 литр равған ва наздик ба 80 кило намаку 200 литр сӯзишвории дизелӣ расид."

Ин сокини деҳаи Рошорв мегӯяд, Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, дар масъалаи кай боз шудани роҳҳо гуфтааст, ин масъала ҳанӯз рӯшан нест. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, то 8 апрел боришот дар назар будааст. Худи Шодихони Ҷамшед дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳама ҷо зимистони вазнин омад. Як муддати дигар зарур аст, ки роҳ ба пуррагӣ боз шавад. Мутаассифона, дар баъзе ҷой ба монанди миёни деҳаҳои Сипонҷ ва Басиду Савноб куҳпора фаромадааст. Сангҳои калонро таркондан лозим аст. Мо маводи таркандро бурдем ва кор ба зудӣ анҷом мегирад."

"Мо медонему Худо"

Бо ин ҳол, сокинони Бартанг мегӯянд, тайи ду моҳи охир рӯзҳои сахтеро паси сар гузоштанд ва ҳоло гармшавии ҳаво ва дар пайи он обшавии барфу тарма нигаронашон кардааст. Яке аз сокинони Бартанг гуфт, "мо дар як гӯшаи дурафтодаем ва мехоҳем, моро аз ёд набаранд. Ду моҳ чӣ гуна зистем, худамон медонему Худо. Аз як сӯ хавфи гуруснаву ташна мондан ва аз тарафи дигар хавфи дар зери барфу борон мондан. Бояд аз қабл тарҳи ҳалли ин гуна мушкилҳоро бикашиданд, ки дар чунин ҳолатҳо сардаргум назанем."

Мутахассисон мегӯянд, масрафҳои марбут ба муқобила бо офатҳои табиӣ дар дар бахши «хароҷоти дигар»-и буҷаи давлатӣ ворид шуда, барои соли 2017 ин бахш наздики 2 миллион сомониро ташкил додааст.

22 қурбонии зимистони имсола

Боришоти барф дар мавсими имсолаи зимистон дар 20-30 соли охир бесобиқа буда, танҳо дар давоми моҳи феврал бар асари тармафароӣ дар Тоҷикистон 22 нафар ҷон бохтанд. Аз ин шумор, 3 нафарашон дар ҳудуди вилояти Бадахшон ва боқӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва минтақаи Рашт ҷони худро аз даст доданд. Дар оғози моҳи феврал Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни як баёния аз сохторҳои дипломатӣ ва созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ хоста буд, то дар рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ ба давлати Тоҷикистон кумак кунанд. То кунун Русия ва Узбакистон эълон карданд, ки барои мардуми офатзада кумак расондаанд.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои табиӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хостааст, мутахассисон мегӯянд, масрафҳои марбут ба муқобила бо офатҳои табиӣ дар дар бахши «хароҷоти дигар»-и буҷаи давлатӣ ворид шуда, барои соли 2017 ин бахш наздики 2 миллион сомониро ташкил додааст. Онҳо мегӯянд, ин маблағҳо воқеан ҳам барои муқобила бо офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон кифоят намекунанд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG