Пайвандҳои дастрасӣ

Хонаҳои тангу торик, як ҳаммом ва як ҳоҷатхонаи умумӣ ва он ҳам берун аз бинои истиқоматӣ, ки барои тамоми сокинони ин маҳал пешбинӣ шудааст. Сокинон дар яке аз маҳаллаҳои маркази шаҳри Ҳисор дар ҳамин шароит ба сар мебаранд.

Бибикалон Раҷабова, як сокини маҳаллаи Гагарини шаҳри Ҳисор мегӯяд, ки, "ана ҳаминҷо сар мешӯем, инҷо ҳоҷатхона аст. Ин ҷо асосан се ҳоҷатхона аст, аммо сокинони бинои дигар ҳам ба ин ҷо меоянд, зеро ҳоҷатхонаҳои онҳоро вайрон карданд."

Сокинони ин маҳалла, ки шӯстушӯи табақу коса ва либосҳояшонро асосан дар кӯча анҷом медиҳанд, мегӯянд, обро ба серӣ намебинанд ва ин ҳам зиндагии душвори онҳоро боз ҳам мушкилтар кардааст. Як сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, ки ду лӯлаи обрасон (водопровод) доранд ва об басанда нест ва барои ин навбат меистанд. Вай мегӯяд, ки об ба ошёнаи дувум намеравад ва рӯзҳои худро бо кашидани об сипарӣ мекунанд. Ба гуфтаи ин сокин, гоҳҳо ин об ҳам хушк мешавад ва онҳо маҷбур мешаванд, ки аз хонаҳои гирду атроф об бикашонанд.

Қарор аст раиси ҷумҳур миёнаҳои моҳи октябр аз Ҳисор дидан кунад ва сокинон мегӯянд, ҳукумати маҳаллӣ ҳам бо гузоштани тунукаву рангубори беруни бино, мехоҳанд мушкилоти ин биноҳои валангоррро рӯйпуш кунад. Ба гуфтаи як сокини ин маҳалла,"ана, боз ин деворҳои тунукагиро гузоштаанд, аз ҳама пинҳон карданӣ ҳастанд, ки президент набинад."

​Аммо мақомоти маҳаллӣ мегӯяд, ки сокинони ин манзилҳо соҳибмулк мебошанд ва таъмири биноҳо бояд аз ҳисоби худи онҳо сурат гирад. Раиси маҳаллаи Гагарини шаҳри Ҳисор Қиёмиддин Насриддинов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукумати шаҳри Ҳисор аз ҳисоби маблағҳои худ ин биноҳоро таъмир дорад, дар ҳоле, ки тибқи қонун ин хонаҳо ҳамааш хусусӣ мебошанд ва бояд сокинон худашон онро таъмир кунанд. Аммо ба гуфтаи вай, аз он сабаб, ки мардум шароити муносиби зиндагӣ надоранд, ҳукумат худ масъалаи таъмири ин биноҳоро ба зимма гирифтааст.

Дар ҳоле ки мақомот мегӯяд барои омодагӣ ба сафари президент аз ҳисоби худ қисмати биноро таъмир мекунанд, сокинон мегӯянд, барои ин аз онҳо пул ҷамъоварӣ доранд. Ба гуфтаи сокинон, ба онҳо дастур додаанд, ки рангу бори биноҳоро аз ҳисоби худ анҷом диҳанд.

Ин биноҳо, ки имрӯз наздик ба панҷсад сокин доранд, соли 1964 ба истифода дода шудааст. Мақомот мегӯянд, ин биноҳо бояд тахриб ва ҷойи он биноҳои баландошёнаву замонавӣ сохта шаванд. Аммо ҳоло ин фақат нақша аст ва то амалӣ шудани он эҳтимол сокинон дар шароити хеле бад, бе обу бе ҳаммом ва ҳоҷатхона зиндагӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG