Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкатҳои бузурги Тоҷикистон даъвои Кумитаи андоз дар бораи садҳо миллион сомонӣ қарздор будани ин ширкатҳоро рад мекунанд. Ширкати "Вавилон" Кумитаи андозро ҳатто ба додгоҳ додааст.

Ширкати «Вавилон» иттилои Кумитаи андозро, ки мегӯяд, ин ширкат даромади воқеии худро пинҳон дошта, 341 миллион сомонӣ, муодили қариб 70 миллион доллар андозро насупурдааст, рад мекунад. Дар натиҷа қарор аст, даъвои мазкур дар додгоҳ баррасӣ шавад.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи андози Тоҷикистон наздик ба 350 корхонаи хурду бузург ва давлатию хусусиро ба пинҳон доштани даромади воқеӣ ва насупурдани андоз аз ин даромад айбдор кардааст.

Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати «Вавилон - М» дар шарҳи ин нукта ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қарз асосе надошта, як сохтакории мақомоти андоз аст ва «Вавилон - М» онро қабул надорад. Вай афзуд: «Кумитаи андоз вазифаи Оҷонсии зиддиинҳисорӣ ва дигар вазоратҳоро ба худ ихтисос додааст. Гӯё вазифаи вазорати иқтисод ва савдоро иҷро карда истодааст ва кадом як нақшаеро иҷро мекунад. Вақте Ҷаноби олӣ сиёсатҳояшро барои дастгирии рушди соҳибкориву тиҷорат равона кардааст, Кумитаи андоз коре мекунад, ки ба дарки мо нест.»

Нусратулло Давлатзода

Нусратулло Давлатзода

Аммо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз дар такя ба иттилои Оҷонсии зиддинҳисории Тоҷикистон, гуфт, «Вавилон - М» аз нархномаҳое истифода мекунад, ки бо Оҷонсии мазкур мувофиқа нашудаанд. Вай гуфт, бар асоси санҷишҳои иҷборӣ, ҷорӣ ва такрорӣ, ки тайи се соли ахир гузаронида шуданд, бо ҳисоби баҳра ва ҷаримаҳо «Вавилон - М» 341 миллион сомониро аз андоз пинҳон кардааст.

Беҳзод Файзуллоев даъвои раиси Кумитаи андозро беасос мехонад ва мегӯяд, нархномаи «Вавилон – М» бо Оҷонсии зиддиинҳисорӣ пурра мувофиқат шуда, ширкат ҳамасола ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 100 миллион сомонӣ андоз месупорад ва маъракаҳои хайриявӣ барои ҷонибдории сиёсатҳои иҷтимоии ҳукумат анҷом медиҳад. Мусоҳиби мо гуфт, агар дурусттар ҳисоб кунем, барои дастгирии сиёсатҳои ҳукумат маблағи бузурге харҷ кардаем.

Манзури оқои Файзуллоев зоҳиран маблағгузории чорабиниҳои ҳукуматие, мисли баргузории ҷашнҳои пурдабдаба ваё маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун аст, ки ширкатҳои бузург муваззафанд дар чунин маъракаҳо ҳатман саҳм бигиранд ва саҳми ҷиддӣ.

Раиси ширкати «Вавилон» гуфт, ин 341 миллион сомонӣ маблағи ҳангуфтро Кумитаи андоз бо назардошти манофеи сирф идоравии худ, ки тибқи қонун, 30 дарсад аз андозҳои ошкоркардааш ба ихтиёри ин кумита дода мешавад, муайян кардааст.

Рустам Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон соли гузашта ба Озодӣ гуфта буд, ки ҳар мақоми нозире, ки ҳуқуқи ҷарима ситонидан дорад, ҳуқуқи барои хароҷоти дохилиаш истифода кардани як қисми пули ҷаримаҳоро дорад: «Ҳар сол дар қонуни будҷа муайян мекунанд, ки кадом қисми ҷаримаҳо ба мо дода мешавад. Масалан, имсол мувофиқи қонун ба Кумитаи мо 50 фисади кулли ҷаримаҳо ҷудо шудааст.»

Дар ҳамин ҳол, «Вавилон - М» танҳо ширкате нест, ки аз сӯи Кумитаи андоз ба пинҳон кардани андоз муттаҳам мешавад. То ба ҳол бақия ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, аз қабили «Мегафон», «Билайн», «Тселл» низ ин мушкилро доранд.

Дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ ширкатҳои «Билайн» ва «Мегафон» низ гуфтанд, ки аз андоз қарздор нестанд. Ҳамчунин корхонаҳои дигари бузурги Тоҷикистон, назири «Газпромнефт» ва «Тетис – Петролеум» иттиҳоми қарздориашон аз андозро рад карданд.

Аммо Кумитаи андоз мегӯяд, ҳарчанд ҳамаи онҳо ба андозаи муайян мушкили андоз доранд, азбаски ин қарзҳо баҳсбарангезанд, онҳоро намешавад қарздор шуморид ва танҳо пас аз қарори додгоҳ онҳо қарздор эълон шуда, маблағи муайяншударо месупоранд.

Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои расмӣ, дар рӯйхати қарздорони Кумитаи андоз то 1 апрели соли равон 38 корхонаи бузург ва 319 корхонаи миёна ҷой гирифтаанд, ки аз 200 ҳазор то 11 миллион сомонӣ қарзи собит доранд ва бояд ба буҷа биспоранд. Ҳамчунин ин ниҳод то 9 июли соли равон 2155 ширкату корхона ва соҳибкорро “бемасъулият” хондааст, ки бо Кумитаи андоз мушкил доранд.

Кодекси андози Тоҷикистон

Кодекси андози Тоҷикистон

Ҳамин тавр, то 1 июли соли равон, бино ба иттилои Кумитаи андоз, ширкату корхона ва соҳибкорони Тоҷикистон 636 миллион сомонӣ аз бақияи андозу пардохтҳо қарздоранд. Илова бар ин, тайи 6 моҳи ахир 864 андозсупоранда вазифадор шудаанд, ки ҳудуди 670 миллион сомонӣ “бақияпулии андоз” супоранд.

Дар нигоҳи аввал, ин маблағест, ки ба бовари ҳукумат, тайи солҳои охир аз сӯи ширкату корхонаҳои Тоҷикистон пинҳон дошта мешуд. Дар ҳоли ворид шуданаш ба буҷа чунин сармояи бурург метавонист, барои беҳбуди зиндагии мардум, маоши духтуру муаллим ва рушди саноату кишоварзӣ истифода шавад. Аз сӯи дигар, тавре ширкатҳо даъво мекунанд, ки ин арқом воқеӣ нестанд ва худи кумита онҳоро ниҳоӣ намедонад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, чунин вазъ далели он аст, ки низоми ҷамъоварии андоз ва интиқоли он ба будҷа рӯшан нест.

Аз ҷумла, Михаил Петрушков, роҳбари Маркази дастгирии соҳибкории Тоҷикистон, мегӯяд: «Вазъе, ки сари қарзи ширкату корхонаҳо ба миён омадааст, хеле номафҳумиҳо дорад. Ҳам барои ширкатҳо ва ҳам барои Кумитаи андоз шаффоф кардани ин раванд зарур аст. Ин ҳам ба он хотир, ки ҷомиа, шаҳрвандони Тоҷикистон донанд, қарзҳо аз куҷо ва чӣ тавр пайдо шудаанд. Азбаски ҳама чӣ рӯшан нест, ҳеҷ яке аз мо қазоват карда наметавонад, ки кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ. Шояд талабҳо дуруст буданд, шояд на.»

Кумитаи андоз қаблан эълон карда буд, ки қариб 250 қарори он нисбати соҳибкор ва ширкату корхонаҳои қарздор дар додгоҳҳои иқтисодӣ баҳс мешаванд. Яке аз бузургтарини онҳо эътирози ширкати «Созидание» сари 65 миллион доллари амрикоист, ки дар додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба нафъи Кумитаи андоз анҷом ёфт ва ҳоло дар Додгоҳи олии иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG