Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вавилон-М: "Кумитаи андоз ҳуқуқ надошт моро қарздор эълон кунад"


Ширкати Вавилон-Мобайл мегӯяд, Кумитаи андоз ҳуқуқ надошт ин ширкатро қабл аз анҷомёбии баҳси додгоҳӣ қарздор эълон кунад ва ба обрӯи он латма занад.

Ширкати «Вавилон-Мобайл» рӯзи 23 июл тайи як баёния мавқеи раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, ки рӯзи 21 июл дар нишасти хабарии худ ин ширкатро бо доштани 341 млн сомонӣ қарздор эълон карда буд, беасос шуморид. Вавилон-Мобайл мегӯяд, ки раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратуллоҳ Давлатзода ҳуқуқ надошт ширкатро қабл аз эълони натиҷаҳои баҳси додгоҳӣ, қарздор эълон кунад.

Дафтари матбуоти «Вавилон-Мобайл» дар ин баёния мегӯяд, ки аз иттилои беасоси раиси Кумитаи андоз нигарон буда, бо дарки масъулият иброз медорад, ки хабари Нусратулло Давлатзода роҷеъ ба пинҳон намудани андоз ва қарзи ширкат дар назди андоз бепоя аст.

Дар баёнияи омадааст, ки «худ расонаӣ кардани маълумоти мазкур дар ин нишасти матбуотӣ аз тарафи раиси Кумитаи андози кишвар, хилофи талаботи муқаррароти қонунгузории кишвар мебошад.»

Вабилон-Мобайл меафзояд, ки суханони раиси Кумитаи андоз ҳадафмандона буда, ҳанӯз баҳси додгоҳӣ дар мавриди қарздории ширкат ба охир нарасида ва натиҷаи он нишон дода нашуда, Нусратулло Давлатзода аллакай ширкати «Вавилон-Мобайл»-ро қарздор эълон намудааст: «Тааҷубовар он аст, ки Кумитаи андоз бо ширкатҳои мобилии дигар низ баҳсҳои додгоҳӣ дорад, вале онҳоро бо далели «барои халал нарасонидан ба рафти тафтишот» расонаӣ насохта, танҳо нисбати «Вавилон-М» ин маълумоти баҳснок ва беасосро паҳн намуд.»

Зимнан, Вавилон-Мобайл ишора мекунад, ки тафтиши фаъолияти ширкат барои давраи аз 1 январи соли 2011 то январи соли 2013 аз тарафи Кумитаи андоз комилан комилан ғайриқонуни буда, хулосааш низ беасос мебошад: «Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ҳуқуқ надошт, ки масъалаи баҳснок ва аз ҷониби суд баррасӣ нашударо расонаӣ карда, ба обруву эътибори кории ширкат дар байни муштариён, шарикон ва кормандони ҷамъият иснод оварад».

Дар ин баёния гуфта мешавад, шояд раиси Кумитаи андоз мехоҳад бо ин роҳ қонунвайронкуниҳои кормандони ин мақомотро, ки дар рафти санҷиш роҳ додаанд, руйпўш кунад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки "ҶСП «Вавилон- Мобайл» танҳо аз ҳисоби даромади хизматрасониҳои асосиву иловагии мавриди баҳс қароргирифта дар маҷмўъ дар ҳаҷми 19 миллиону 289 ҳазору 644 сомонӣ андозҳои мустақиму ғайримустақим пардохт кардааст.

Вабилон-Мобайл бо дарназардошти адолати додгоҳӣ изҳори боварӣ кардааст, ки ин масъалаи дар додгоҳ ҳалли худро меёбад ва ҳамагуна гумону шубҳаҳоро аз байн хоҳанд бурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG