Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вавилон-мобайл» барои боз кардани Facebook дастур нагирифтааст


Беҳзод Файзуллоев, раҳбари кулли «Вавилон-мобайл» ба саволҳои Озодӣ оид ба масдуд будани Facebook посух дод.

Беҳзод Файзуллоев, раҳбари кулли «Вавилон-мобайл» - бузургтарин ширкати таъминкунандаи Интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ки аз хати кашидаи қонун берун намеравад ва танҳо дар сурати дарёфти номаи расмӣ сайти Facebook-ро фаъол хоҳад кард.


Дар ҳоле, ки бархе аз ширкатҳои таъминкунандаи Интернет дар Тоҷикистон масдудияти шабакаи иҷтимоии Facebook-ро лағв карданд, «Вавилон-мобайл» аз ин амал худдорӣ кард. Субҳи 4 декабр чанд хабаргузории маҳаллӣ ва русӣ аз қавли раҳбари Анҷумани Интернет-провайдерҳои Тоҷикистон Асомуддин Атоев иттилоъ доданд, ки баъди 10 рӯзи маҳдият Facebook дубора дар Тоҷикистон фаъол шуд. “Провайдерҳои мисли «Тоҷиктелеком», «Истера» ва «Мегафон» сар аз имрӯз дастрасиро ба ин шабакаи ҷаҳонӣ имконпазир гардонидаанд ва ман умед дорам, ки дигар провайдерҳо ҳам базудӣ чунин хоҳанд кард”, гуфт Асомиддин Атоев. Номаи расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон оид ба маҳдуд кардани шабакаи Facebook рӯзи 26 ноябр ба номи 11 ширкати провайдерӣ ирсол шуда буд.


Вале, тибқи иттилои хонандагони радиои Озодӣ, як қатор ширкатҳои дигар, аз ҷумла ширкати азими «Вавилон-мобайл» ҳамоно дастрасиро ба ин шабака
Беҳзод Файзуллоев
Беҳзод Файзуллоев
маҳдуд нигоҳ медоранд. Беҳзод Файзуллоев, раҳбари кулли ширкати «Вавилон-мобайл» рӯзи сешанбе дар як сӯбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар заминаи фаъол кардани сайти Facebook ҳеҷ мактуб ё дастури хаттие аз Хадамоти алоқа дастрас накардааст.


“Қонун ҳаст, чорчӯбаи қонун аст, ҳар чизе, ки расмӣ аст, мо бояд онро иҷро кунем. Мо иҷозатномаи расмии кор дорем”, гуфт ӯ.

Ба саволи Озодӣ, ки "оё дар сурати баста шудани дастрасӣ ба сайти Facebook ширкати таъминкунандаи хадамоти Интернетӣ ҳуқуқи муштариро поймол намекунад?”, Беҳзод Файзуллоев гуфт, дар ҳар созишнома таъкид мешавад, ки хадамоти интернетӣ мувофиқ ба муқаррароти қонунҳои Тоҷикистон таъмин мешавад. Ӯ афзуд, ҳоло гуфта наметавонад, ки дастарсӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook тавассути ширкати «Вавилон-мобайл» кай имконпазир мешавад.


Ширкати «Вавилон-мобайл» аз нахустин ва азимтарин ширкатҳои арзакунандаи хадамоти мухобиротӣ дар бозори Тоҷикистон ба шумор рафта, иддао мекунад, ки танҳо муштариҳои телефонҳои ҳамроҳаш наздики 3 миллион нафар мебошад. Ин ширкат мегӯяд, ки хадамоти худро дар 300 шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Дар ҳамин ҳол, радиои Озодӣ ба сокинони шаҳри Душанбе бо саволе муроҷиат кард, ки "Оё баста шудани Facebook ба ҳаёти онҳо таъсире расондааст?". Посухи роҳгузарҳо чунин буд:


Пурсиш: Бастани Facebook ба шумо таъсире расонд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00
XS
SM
MD
LG