Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаи Кумитаи андоз ба бонкҳо дар мавриди 337 млн "қарз"-и "Babilon-M"


Нусратуллоҳ Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон

Нусратуллоҳ Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон

Кумитаи андози Тоҷикистон аз бонкҳои кишвар талаб кардааст, 337 миллион сомонӣ қарзи “Babilon-M”-ро аз суратҳисобҳои ин ширкат ба нафъи кумита биситонанд.

Кумитаи андози Тоҷикистон барои ситондани 337 миллион сомонӣ қарзи ширкати “Babilon-M” ба бонкҳои кишвар номаи расмӣ фиристодааст. Ин ниҳод аз бонкҳо талаб кардааст, ин миқдор қарзи “Babilon-M”-ро аз суратҳисобҳои ширкат ба нафъи Кумитаи андоз мусодира намоянд.

Як манбаъ дар Кумитаи андози Тоҷикистон бидуни бурдани номаш ирсоли чунин номаро тасдиқ кард ва гуфт, “он пинҳонӣ нест ва як нусхааш ба худи Babilon-M ҳам фиристода шудааст.”

Аммо ин номаи Кумитаи андоз ба бонкҳо ва он ҳам барои ситондани қарзи ширкати мухобиротии “Babilon-M” аз суратҳисобҳояш дар ҳолест, ки ҳанӯз баҳси додгоҳии ду тараф ба поён нарасидааст. Ҳоло ширкати “Babilon-M” ба зинаи назоратии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ бурда, ҳукми додгоҳи иқтисодии Душанбе ва Додгоҳи олии иқтисодиро ба баҳс кашидааст. Қаблан, Додгоҳи иқтисодии Душанбе ва Додгоҳи олии иқтисодӣ баҳси қарздории “Babilon-M” аз Кумитаи андозро ба нафъи дувумӣ ҳал карда буданд.

Масъулони ширкати “Babilon-M” рӯзи 3 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дархостномаи Кумитаи андоз ба бонкҳоро “шитобзадагӣ ва амали ғайриқонунӣ” донистанд. Онҳо гуфтанд, ҳоло болои ин мавзӯъ фикр доранд ва натиҷаашро дертар хоҳанд гуфт.

Як мусоҳиби мо аз "Тоҷиксодиротбонк", ки нахост номаш фош шавад, гуфт, дар ҳақиқат, дар охирҳои ҳафтаи гузашта аз Кумитаи андози Тоҷикистон нома дарёфт кардаанд, ки дар он масъалаи гирифтани қарзи “Babilon-M” аз Кумитаи андоз хоҳиш карда шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар "Тоҷиксодиротбонк" суратҳисоб ва маблағҳои ширкати “Babilon-M” мавҷуд аст, вале номаи Кумитаи андоз ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор дорад ва тасмими ниҳоӣ дар бораи гирифтани пул аз суратҳисоби ширкат ба нафъи Кумитаи андоз ҳанӯз гирифта нашудааст.

Дафтари матбуоти ширкати «Вавилон-М» рӯзи 3 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз болои қарори мазкур «Дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби маблағи суратҳисобҳои бонкии ҶСП «Вавилон-М» ва баъзе масъулини мақомоти андоз, ба Додситонии кулл муроҷиат намудааст. Ширкати «Вавилон-М» умедворӣ кард, ки Додгоҳи олӣ бо баррасии мунсифонаи ин масъала, ба чунин қонуншиканиии “ҳадафмандона”-и Кумитаи андоз қарори дахлдор қабул карда, дар доираи қонун чораандешӣ мекунад. Зимнан, Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон низ ба Кумитаи андоз нома ирсол дошта ва гуфтааст, ки то анҷоми марҳилаи баҳсҳои додгоҳии ҶСП «Вавилон-М» бо Кумитаи андоз, боздоштани суратҳисобҳои ин ширкат дар бонкҳо мумкин нест

Пештар аз ин, рӯзи 19 январи соли ҷорӣ, Нусратуллоҳ Давлатзода- раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти хабариаш гуфта буд, ширкати “Babilon-M” 341 миллион сомонӣ қарздор аст ва бояд ин пулро қисм-қисм пардохт кунад. Ӯ гуфт, ҳадафи ниҳоди зертобеаш аз чунин “сахт” гирифтани ширкат танҳо иҷрои рисолати худ, яъне ҷамъоварии андоз аст, вагарна ба “Babilon-M” ҳеч ғараз надоранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG