Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Азим Иброҳим: Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба хубӣ анҷом меёбад


Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, масъулияти раиси Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон дар музокира бо ҳайати Қирғизистонро бар дӯш гирифтааст.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазир ва сардори пешини Идораи геологияи Тоҷикистон, раиси нави Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаи марз бо Қирғизистон таъин шудааст. Худи ӯ 8 октябр дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ масъулияти навашро тасдиқ кард ва гуфт, талош ба харҷ хоҳанд дод, ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо некӣ анҷом ёбанд.

Муовини нахуствазир гуфт, ки ин масъулият бар асоси як қарори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар уҳдаи ӯ гузошта шудааст. То ин замон раҳбарии ин комиссияи байниҳукуматиро Маҳмадтоир Зокиров, вазири кишоварзӣ бар дӯш дошт.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марзи мустақим доранд, ки то имрӯз 506 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Вуҷуди минтақаҳои зиёди баҳсӣ дар тӯли марзи ин ду кишвар ва асосан дар байни вилоятҳои Суғду Бодканд, ҳар сари чанд вақт боиси бурузи танишҳо ва ҳатто задухӯрдҳои мусаллаҳона байни марзбонони тоҷику қирғиз ва ҳам сокинони ду тарафи марз мешавад.

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марзӣ бо Қирғизистон бар иловаи масоили марбут ба марзҳои ду кишвар, инчунин, робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиро низ дар бар хоҳад гирифт.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи гузашта муовинони сарвазирҳои Тоҷикистону Қирғизистон Азим Иброҳим ва Абдураҳмон Маматалиев дар як мулоқот дар ҳошияи анҷумани “Об ва муносибатҳои ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Берлин масоили равобити дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ хабар дод, ки “ҷонибҳо бо изҳори омодагӣ ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъкид карданд, ки гардиши молу коло байни ду кишвар дар нимаи аввали соли 2015 афзудааст.” Дар ин дидор масоили марзӣ, аз ҷумла дар пасманзари ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё пайвастани Қирғизистон низ баҳс шудааст. Азим Иброҳим ва Абдураҳмон Маматалиев ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки таърихи рӯзи баргузории иҷлоси навабатии комиссияи байнидавлатии Қирғизистону Тоҷикистонро аз тариқи каналҳои дипломатӣ мушаххас кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG