Пайвандҳои дастрасӣ

Сафир: Писари ман фирор накардааст


Аббосалӣ Гасанов, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон

Аббосалӣ Гасанов, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон

Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон хабарҳои нашршуда дар бораи фирори писараш аз Озарбойҷонро “дурӯғи маҳз” меномад.

Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон хабарҳои нашршуда дар бораи фирори писараш аз Озарбойҷонро “дурӯғи маҳз” меномад. Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов хабарҳои нашршуда дар бораи аз Озарбойҷон фирор кардани писараш Анор Гасановро “дурӯғи маҳз” номид. Аббосалӣ Гасанов дар посух ба суоли Радиои Озодӣ тавассути ёвараш Зарина Маҳкамова изҳор дошт, ки гузоришҳои нашршуда дар расонаҳои озарӣ воқеъият надоранд ва писари ӯ ягонҷо фирор накардааст. Рӯзи 20 август ду сомонаи озарӣ – haqqin.az ва report.az – хабар доданд, ки Анор Гасанов – писари сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов – дар чорчӯби таҳқиқи парвандаи сӯхтори пурқурбонии рӯзи 19 майи як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Боку, ки мунҷар ба ҳалокати 15 нафар шуда буд, мавриди бозпурсӣ қарор дошт.

Вале бино ба гузориши ин ду расона, писари сафир баъди ин бозпурсиҳо Озарбойҷонро тарк карда, дигар барнагаштааст. Сомонаҳои haqqin.az ва report.az ҳамчунин иддао кардаанд, ки раҳбари гурӯҳи ширкатҳои “GLOBAL” Мирюсиф Маҳмудов, ки дар чорчӯби таҳқиқи парвандаи сӯхтори пурқурбонии рӯзи 19 май ба ҳабс кашида шудааст, падарарӯси Анор Гасанов ва қудои сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мебошад. Бино ба ин манобеъ, Анор Гасанов ҳамчун молики яке аз ширкатҳое, ки фасади бинои сӯхтаро сохта буд, ба масъулият кашонда шудааст.

Сафири Озарбойҷон дар Душанбе Аббосалӣ Гасанов дар бораи рабти хонаводааш ба ин парванда ҷузъиёти зиёд надод, вале гуфт, гузориши расонаҳои озарӣ дар бораи пайвандони ӯ ягон ҳақиқат надорад. Аббосалӣ Гасанов моҳи феврали соли 2012 сафири Озарбойҷон дар Душанбе таъин шуд. Ӯ то эъзомаш ба Тоҷикистон ба ҳайси сафири Озарбойҷон дар Эрон кор мекард. Дар пойтахти Озарбойҷон кашидани фасад, яъне зоҳири нав ба биноҳои кӯҳнасохт ва аз ин роҳ таблиғ кардани чигуна тағйир ёфтани симои шаҳр ба навъе “муд” шуда буд. Ин фасаднавкуниҳо бахусус дар пешорӯии мизбонии сабқати “Евровидение” дар соли 2012 ва Бозиҳои Аврупоӣ дар моҳи июни соли равонро бар ӯҳда гирифтани Боку авҷ гирифт, чунки мақомоти маҳаллӣ мехостанд, бо чунин ислоҳи зоҳир пешрафтҳои Озарбойҷонро дар даврони падару писар Ҳайдар ва Илҳом Алиев ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

Бинои 16-қабатае, ки дар ноҳияи Бинагадин ба коми оташ рафт, низ сохти ҳанӯз солҳои 1960 буд, ки ахиран ба рӯяш “ҷомаи нав”, яъне фасади нав кашиданд. Рӯзи 19 май ҳамин фасад сӯхт ва бо 15 куштаву беш аз 60 захмиаш аз пурқурбонитарин фалокатҳои ғайритабиӣ дар ин кишвари пасошӯравии минтақаи Қафқоз дониста мешавад. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотии тафтишот, иллати сӯхтор маҳз аз маводи бесифат ва зуддаргиранда сохта шудани фасади ин бино буд, ки боиси дар як они воҳид ба тамоми бино печидани сӯхтор шуд. Шоҳидон мегӯянд, бисёре аз сокинон ҳатто фурсати фирор аз панҷаи оташро пайдо карда натавонистанд.

Дар пайи ин сӯхтор раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ҷиҳати таъсиси як кумиссиюни давлатӣ барои таҳқиқи ин фалокат ва ба ҷавобгарӣ кашондани тамоми афроди масъул дар ин сӯхтор амр дод. Мақомоти Озарбойҷон дар пайи ин амри раисиҷумҳур аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ хабар дода, дар ҳамон рӯзи сӯхтор Мирюсиф Маҳмудовро, ки масъулияти сохтани фасади бинои сӯхтаро ширкати “Global Construction”-и ӯ бар ӯҳда дошт, боздошт карданд. Ба дунболи молики ширкат, Угур Баширов, мудири кулли “Global Stone” - ширкати тавлидкунандаи маводи истифодашуда дар сохтани фасади ин бино, муовини мудири «Global Construction» Алекпер Аскеров ва мудири бахши хоҷагии ҳукумати ноҳияи Бинагадии шаҳри Боку Адолат Раҷабов барои 4 моҳ боздошт шуда, Низомӣ Оруҷев, раҳбари ЖЭК-и рақами 72-юми ин ноҳия низ ба ҳабс гирифта шуд. Ҳамаи онҳо ба вайрон кардании қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ва сӯиистифода аз мақом айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG