Пайвандҳои дастрасӣ

Саркӯби талабгорони истеъфои Илҳом Алиев дар Боку


Садҳо нафар дар Рӯзи Ҳуқуқи Инсон, 10-уми декабр дар Боку хостори истеъфои президент ва порлумони Озарбойҷон шуданд.

Боздошти шаҳрвандони Озарбойҷон дар эътирозҳои зиддиҳукуматӣ гапи нав нест ва шаҳрвандон ба ин раванд одат кардаанд. Аммо кам иттифоқ меафтад, ки ба идораи пулис кашонидани боздоштшудаҳо дар пеши чашми шаҳрвандон сурат бигирад.

Ин гуна маврид рӯзи 10 уми декабр иттифоқ афтод. Он рӯз гурӯҳе аз фаъолони зиддиҳукуматӣ ба думболи баргузор кардани тазоҳуроти бидуни иҷозат боздошт шуданд. Дар маҷмуъ 80 тан аз фаъолон боздошт ва сипас озод шудаанд.

Ба гуфтаи Бахши Озарии Радиои Озодӣ қисми умдаи ҷамъшудаҳо зидди парлумон эътироз карданд, зеро ба гуфтаи онҳо, парлумон ниҳоди қонунӣ нест, ба он сабаб, ки интихоби вакилон ба он бо тақаллуб ҷараён гирифта буд.

Танҳо як нафар бар муқобили ҷараён ҳаракат кард. Ин марди хушлибос бо изҳори назари мухолифи эътирозгарон ба интиқоди шадиди онҳо рӯ ба рӯ шуд. Эътирозгарон мавқеи ин мардро, ки аз раисҷумҳури Озарбойҷон пуштибонӣ мекард, “шармандагӣ” хонданд. Аммо ин мард ҳам аз мавқеи худ ақибнишинӣ накрд ва гуфт, “Агар онҳо Илҳои Алиевро намедоштанд, Озарбойҷон ҳам вуҷуд намедошт.”

“Ман бо президенти худ ифтихор мекунам,” – гуфт ӯ ва афзуд, -- “ман ҳеҷ мақоми ҳукуматӣ надорам, ман як марди одиам.”

Ин мардро баъдан ходимони пулис бо нидоҳои “ту чӣ кор мекунӣ, ту чӣ кор мекунӣ”, беодобона аз майдон берун кашиданд.

XS
SM
MD
LG