Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон чархболи нирӯҳои Қаробоғро сарозер кард


МИ-24. Акс аз бойгонӣ

МИ-24. Акс аз бойгонӣ

Озарбойҷон мегӯяд, як чархболи нирӯҳои низомии Қарбоғро суқут додааст. Арманистон Бокуро аз паёмадҳои ин амалаш ҳушдор дода, гуфтааст, ин паёмадҳо "хеле дардовар хоҳанд буд."

Сарбози озариеро, ки рӯзи 12 ноябр, чархболи МИ-24-и нирӯҳои Кӯҳистони Қаробоғро суқут дод, ба мукофоти давлатӣ пешниҳод кардаанд. Дафтари матбуоти вазорати дифоъи Озарбойҷон гуфт, бо фармони вазири дифоъ Зокир Ҳасанов, сарбоз Илкин Муродов барои дарёфти медали "Барои хидмати шоёни низомӣ" дараҷаи 3 пешниҳод шудааст. Бино бар ин манбаъ, Муродов !ҳушёрӣ ва қаҳрамонӣ нишон дода, бо адои вазифаи хидматиаш мошини душманро сарнагун кард." Чархболи дуюми нирӯҳои арманӣ, бино ба гузориши дафтари матбуоти вазорати дифоъи Озарбойҷон, баъди суқути чархболи якум аз маҳалли даргирӣ фирор кардааст.

Хабаргузории армании “Разминфо” қаблан бо такя ба манобеаш хабар дод, ки дар натиҷаи суқути чархболи нирӯҳои ҳавоии артиши ҷумҳурии худхондаи Кӯҳистони Қаробоғ 3 нафар кушта шудаанд. Бино бар ин манбаъ, чархболи МИ-24 дар як минтақаи бетараф дар марзи Кӯҳистони Қаробоғ бо Озарбойҷон суқут кардааст.

Қаблан вазорати дифоъи ҷумҳурии худхондаи Қаробоғ хабар дод, ки нирӯҳои Озарбойҷон як чархболи МИ-24-ро суқут додаанд. Бино ба гузориши сомонаи расмии вазорат, ин чархбол парвози тамриниву таълимӣ анҷом медод: “Дар натиҷаи вайрон кардани режими оташбас аз сӯи нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон имрӯз дар қисмати шарқии марзи Қаробоғу Озарбойҷон чархболи МИ-24-и нирӯҳои ҳарбию ҳавоии Ҷумҳурии Кӯҳистони Қаробоғ суқут дода шуд. Минтақае, ки чархболро заданд, дар як масофаи наздик аз хатти сангар қарор дорад. Ҷониби мухолиф ба тарафи маҳалли ҳодиса аз силоҳҳои мухталиф шадидан тирандозӣ мекунад.”

Чархболи нирӯҳои Қаробоғ дар ҳоле суқут дода шуд, ки дар қаламрави ин вилояти аксаран арманинишини ҷудоиталаб машқҳои тактикиву фаврии “Единство-2014” идома дошт.

Вазорати дифоъи Озарбойҷон тасдиқ кард, ки чархболи МИ-24-ро нирӯҳои озарӣ суқут додаанд. Дафтари матбуоти ин вазорат гуфт, чархболи нирӯҳои ҷудоиталаби Қаробоғ дар фосилаи 1700-метрии рустои Кенгерлии ноҳияи Агдам ҳадафи тир қарор гирифтааст.

Боку мегӯяд, нирӯҳои ҳавоии ҷониби мухолиф 3 рӯз боз дар хатти ҷабҳа парвозҳои иғвогарона анҷом медоданд. Гуфта мешавад, ин чархбол соати 13:45 ба вақти маҳаллӣ зада шуд: “Авиатсияи душман баъди анҷоми менёврҳои ҷангӣ дар болои мавқеъҳои нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, имрӯз талош кард, ки мавқъҳои нирӯҳои озариро ҳамла кунад. Дар натиҷаи оташи ҷавобии ҷониби Озарбойҷон чархбол аз байн бурда шуд. Боқимондаҳои чархбол дар фосилаи тақрибан 500 метр аз мавқеи нирӯҳои Озарбойҷон ба замин афтоданд.”

Арманистон, ки дар низоъи Қаробоғ сароҳатан аз мақомоти армании ин вилояти ҷудоиталаб ҳимоят мекунад, дар пайи суқути чархболи ҷудоиталабон Озарбойҷонро аз паёмадҳои чунин аъмолаш ҳушдор додааст. Артсрун Ованнисиён, сухангӯи вазорати дифоъи Арманитсон рӯзи 12 ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, “ин як иғвои бесобиқа аст, ки ба ташдиди вазъ орвард. Паёмадҳои он барои ҷониби Озарбойҷон хеле дардовар хоҳанд буд ва тамоми масъулияташ ба дӯши раҳбарияти сиёсиву низомии Озарбойҷон хоҳад уфтод.”

Ованнисиён гуфт, нирӯҳои озарӣ баъди суқути чархбол ҳам тирборони минтақаро идома дода, монеъи барои наҷоти сарнишинонаш ба чархбол наздик шудани нирӯҳои арманӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, “изҳороти вазорати дифоъи Озарбойҷон дар ин бора ки гӯё чархбол баъди ҳамлааш ба сангарҳои нирӯҳоит озарӣ суқут дода шуд, бепоянд. Таҳқиқи боқимондаҳои чархбол собит хоҳад кард, ки он таҷҳизоти ҷангӣ надошт.”

Кӯҳистони Қаробоғ дар пайи як ҷанги хунин дар авоили солҳои 90 худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кардааст. Вале ин вилоятро ба расмият танҳо Ереван эътироф мекунад. Дар соли 1994 бар асоси як созишномаи оташбас оташи ҷангҳо дар Қаробоғ асосан хомӯш карда шуд. Вале гоҳ-гоҳе аз хатти ҷабҳаи байни нирӯҳои озариву арманӣ дар ин минтақа дар бораи даргириҳои нав ва ҳалокати афрод аз ҳарду тараф гузоришҳо ба даст мерасанд.

Дар айни замон музокироти ду тараф бар сари мақоми Қаробоғ тайи 20 сол натиҷае надодааст. Дар ҳоле ки Озарбойҷон Қаробоғро ҳамчунон як бахши ҷудоинопазири қаламрави худ мешуморад, мақомоти ин вилоят мегӯянд, ояндави худро дар ҳайъати Озарбойҷон дигар тасаввур намекунанд.

Зодагони Қаробоғ дар арсаи сиёсии Арманистон низ ҳоло сози аввалро бозӣ мекунанд. Ду раисиҷумҳури ахири Арманистон – Роберт Кочариён ва Серж Саркисиён – ҳарду зодагони Қаробоғанд. Кочариён пеш аз нишастанаш ба курсии раҳбари Арманистон раҳбари ҷумҳурии худхондаи Кӯҳистони Қаробоғ буд.

Дар ин вилояти кӯҳистонӣ, ки дар 4400 километри мураббаъ дар наздикии марз бо Арманистон доман густурдааст, тақрибан 138 000 нафар, аксаран арманиҳо, ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG