Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи “афви" муҳоҷирони тоҷик дар Русия (САДО)


Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав.
Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав.

Мақомоти Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар кор мекунанд, иҷоза додааст, дар муддати як моҳ санадҳояшонро қонунӣ кунанд. Вале афв онҳоеро, ки бо ҳукми додгоҳҳои Русия аз ин кишвар ихроҷ ва ё депортатсия шудаанд, фаро намегирад.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия рӯзи 27-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз 25-уми март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон як моҳ мӯҳлат дода мешавад, барои иқомату кори қонунӣ санадҳояшонро дуруст кунанд. Ба гуфтаи вай, дар ин муддат агар муҳоҷир ғайриқонунӣ дар Русия ҳам бошад, барои риоят накардани қоидаҳои иқомат ва кор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад.

“Ҳамчунин шахсоне, ки дар ҳудуди Русия мӯҳлати истиқоматашон гузашта бошад ҳам, метавонанд, дар муддати як моҳ ба шӯъбаҳои мақомоти муҳоҷиратӣ рафта, муроҷиат кунанд ва ба онҳо барои қонунӣ гардонидани будубош корти муҳоҷиратии нав бо нишон додани мақсади вуруд дода мешавад. “

Ба гуфтаи мақомот дар ин муддат дар шӯъбаҳои муҳоҷирати вазорати умури дохилии Русия як равзана махсус барои муҳоҷирони кории тоҷик ихтисос дода мешавад, то ба ҳамон ҷой муроҷиат кунанд. Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, “Ҳангоми муроҷиати шаҳрванд ба ӯ корти муҳоҷиратӣ ва қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 90 рӯз аз рӯзи муроҷиат дода мешавад, ва ӯ имкон дорад дар ин мӯҳлат будубоши худро қонунӣ гардонад. Дар ҳолати гум кардан ва ё надоштани корти муҳоҷиратӣ ба шаҳрванд корти муҳоҷиратии нав бо ҳуқуқи будубошаш дар муҳлати 90 рӯз дода мешавад.

Ibrohim Ahmadov
Ibrohim Ahmadov

​“Онҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд ва бе қарори суд вурудашон ба Русия бинобар қоидавайронкуниҳои хурд манъ шудааст, метавонанд, пас аз як ҳафта ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Онҳое, ки барои сари вақт гирифта натавонистани патент ва насупурдани пули ҷарима барои нагирифтани патент вурудашон ба Русия манъ шудааст, имкони вуруд ба Русияро пайдо мекунанд. Ин беҳтарин имконият барои қонунӣ гардонидани буду бош аст."

Ӯ меафзояд: "Масалан, муҳоҷире, ки як сол пеш омад ва имкони патент гирифтан надошт ва барои нагирифтани патент даҳ ҳазор ҷарима насупурдаасту барои ин вурудаш ба Русия маҳкам аст, имкони дубора ба муҳоҷирати меҳнатӣ омаданро пайдо мекунанд. Ҳатто агар ин муҳоҷир ҳоло аз Русия низ берун нашуда бошад, метавонад, рафта шиносномаашро сабт кунад ва он ҷо бимонад ва буду бошашро давом диҳад.”

Лутфулло Расулов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки солҳо боз тариқи лоиҳаҳои Созмони Байналмилалии муҳоҷират бо муҳоҷирони ихроҷшуда кор мекунад, мегӯяд, қарори Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ иқдоми хуб аст, вале мӯҳлати кӯтоҳ метавонад, сардаргумиҳоро ба бор орад.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия умдатан ба корҳои каммузд машғуланд.
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия умдатан ба корҳои каммузд машғуланд.

Ӯ гуфт: “Воқеан, 80 дар сади муҳоҷироне, ки мо бо онҳо сӯҳбат мекунем, барои дар 30 рӯз патент нагирифитан ихроҷ шудаанд. Ин иқдом хуб аст, вале тасаввур кунед, ки шояд шумораи чунин муҳоҷирон дар худи Тоҷикистон аз 50 ҳазор боло бошад. Дар як моҳ ба арзи ҳамаи онҳо расида наметавонанд. Дар худи Русия ҳам шумораашон бисёр аст ва фикр мекунам, ки бисёр вақти кам аст, то ҳамаи муҳоҷироне, ки бо чунин ҷурм хориҷ шудаанд, имкони бозгашт пайдо кунанд”

Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирон дар Русия, як ниҳоди марбут ба ҳукумати Русия 27 март ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Мо ду сол барои авфи муҳоҷирон машғул будем. Ин аз назари мо як иқдоми хуб аст. Чунин амал дар нисбат ба шаҳрвандони Молодова амалӣ шуда буд. Чун шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хеле зиёд ҳастанд, ин як таҷрибаи зарурӣ ва муҳим аст. Хоҳиши мо ин буд, ки мӯҳлат бояд дарозтар мешуд, вале онро як моҳ карданд, ки ин вақти кам аст. Чунин муҳоҷирон метавонанд, ба ҳар шӯъбаи пулис раванд ва гӯянд, ки чунин мушкил доранд, онҳо барояшон кӯмак мекунанд. Ҳатто муҳоҷироне, ки ба ватан рафтаанд ва баъдан аз фурудгоҳ бинобар қонуншиканиҳои маъмурӣ вурудашон манъ шудааст, метавонанд, дубора ҳуқуқи кору сафар ба Русияро пайдо кунанд.”

Шурӯи “афви" муҳоҷирони тоҷик дар Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим

Имконияти як моҳа барои сабти қонунии кору иқомати муҳоҷирон пас аз вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимр Путин, президенти Русия даст додааст. Бисёриҳо умедвор буданд, Русия ба садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷике, ки иҷозаи бозгашту кор ба Русия медиҳад, ки ба феҳрасти сиёҳи ин кишвар ворид шудаанд ва наметавонанд ба онҷо баргарданд. Русия бештар аз 250 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро бо қарори додгоҳ аз қаламраваш хориҷ кардааст ва онҳо барои солҳои гуногун ҳаққи баргаштан ба Русияро надоранд.

АГАР ШУМО АЗ ҲОЛО БАРОИ ҚОНУНӢ КАРДАНИ САНАДҲОЯТОН МУРОҶИАТ КАРДЕД, ЛУТФАН ДАР БОРАИ ТАҶРИБААТОН БА МО НАВИСЕД. АЗ ТАРИҚИ ВАЙБЕР, ВОТСАПП, ИМО ВА ТЕЛЕГРАМ ВА БА ИН ШУМОРА.
+420 753 053 959

XS
SM
MD
LG