Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи Бозиҳои Аврупоии Алиевро озарбойҷониҳо мепардозанд


Шаҳрвандони Озарбойҷон шикоят мекунанд, ки Бозиҳои аврупоии соли 2015-и Боку аз ҳисоби маошу даромади онҳо баргузор мешаванд ва ҳукумат бо зоҳирпарастӣ машғул аст.

Ба иллати он ки даҳҳо фаъоли мухолиф ва журналистони мустақили Озарбойҷон акнун дар зиндонҳо нишастаанд, дар дохили ин кишвар мунаққидони Бозиҳои аврупоии соли 2015-и Бокуро пайдо кардан душвор аст. Аммо бар пояи шикояти кормандони давлатӣ ва шаҳрвандон метавон ҳадс зад, ки ҳукумати Озарбойҷон барои пардохтани харҷи Бозиҳои аврупоӣ (наздики 10 миллиард доллар) даст ба ҷайби мардум бурдааст.

Ин мини-олимпиада, ки Озарбойҷон бо ваъдаи пардохти пули сафари 6000 варзишгар ва садҳо меҳмон ҳаққи баргузории онро ба даст овард, аз 12 то 28-уми июн давом мекунад.

Чанд корманди давлатӣ мегӯянд, ҳукумат онҳоро маҷбур кардааст, барои ин бозиҳо пул диҳанд. Як пизишк аз бемористони шаҳри Мингачевир хабар дод, ки аз ҳамкорони ӯ талаб шудааст, ҳар кадом аз 100-500 манат (104 то 524 доллар) диҳанд.

«Ҳар шӯъба бояд ба камияш аӯ 2 то 5 ҳазор манат ($ 2,100- $ 5,240) ҷамъ кунад,» -- гуфт пизишк ба шарти он ки номаш ифшо нашавад. «Ба ин тартиб, сардухтур бояд аз дигарон пул ҷамъоварӣ кунад ва гуфта мешавад, ин маблағҳо ба хазинаи Бозиҳои аврупоӣ мераванд. Овозае низ ҳаст, ки касе пул намесупорад, аз кор ронда мешавад.»

Дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ сардори шӯъбаи тандурустии Мингачевир хабарҳоро, ки ба пизишкон амр дода шудааст, барои Бозиҳои аврупоӣ пул ҷамъ кунанд, рад намуд.

Хабарҳое низ ҳаст, ки баъзе аз духтурҳо саҳми худро ба сари беморон бор мекунанд. ​"Пизишки ман гуфт, ки ман дар ду моҳи оянда доруи бепул гирифта наметавонам, то замоне ки Бозиҳои аврупоӣ ба поён нарасанд," -- як бемор аз Боку ба воситаи Фейсбук бо Бахши озарии Радиои Озодӣ дар тамос шуд.

Ин шахси гирифтори склероз дар ҳар моҳи табобат бояд чаҳор сӯзандору гирад, ки ҳар кадоми он наздики 400 манат ё 381 доллар нарх дорад.

Як бемори дигар, ки химиятерапия мегирад, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки то Бозиҳои аврупоӣ ба поён нарасанд, танҳо аз се як ҳиссаи доруворашро, ки аз ҷониби ҳукумат пардохт мешавад, хоҳад гирифт.

Сефая Аҳмадова, корманди дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Озарбойҷон хабарҳоеро, ки беморон ва пизишкон барои Бозиҳои аврупоӣ пул медиҳанд ё доруи ройгони худро сари вақт намегиранд, рад кард. Аммо ба назар мерасад, барои таъмини молии ин сабқати байнулмилалӣ кормандони дигар риштаҳо низ ҷалб карда мешаванд.

Падари як корманди Вазорати иқтисодиёт ва саноати Озарбойҷон ба Радиои Озодӣ гуфт, писари ӯ мисли дигар кормандони сатҳи миёна ҳар моҳ пули иловагии пинҳонӣ мегирифт, то моҳонаи пасти расмияш баландтар бошад.

«Дар чаҳор моҳи охир маоши писари ман, ки 800 манат ($838) доллар буд, ба андозаи 250 манат ($262) камтар шуд, зеро пули иловагии ӯро ба буҷаи Бозиҳои аврупоӣ гузарондаанд,» -- мегӯяд ӯ.

Сарчашмаҳои дигари беном хабар медиҳанд, ки кормандони Кумитаи давлатии гумрук низ моҳҳои охир «чошнӣ» ё «бонус» намегиранд. Намояндагони расмии кумита ба кормандон гуфтаанд, «чошнӣ» баъд аз хотимаи бозиҳо аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ҳамин гуна ҳолатро шаҳрвандон бори охир дар давраи баргузории озмуни мусиқии Eurovision-2012 аз сар гузаронданд. Ҳукумат талоши зиёд дорад, ки Озарбойҷонро дар чашми Аврупо як кишвари ҷолиб ва комёб намудор кунад.

Вале ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, беҳтар аст, ки мақомот барои беҳбуди вазъи одамон ва ҳуқуқи онҳо ин гуна талош кунанд. Баръакс Озарбойҷон дар рӯзҳои охир фаъолияти созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International-ро дар кишвар манъ кард ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ихроҷ кард.

Дар чунин пасманзар талоши мансабдорон ба ороишу пероиши сатҳии шаҳри Боку нафрати шаҳрвандонро меорад. Бисёриҳо наққошиҳоро дар нақби бетонии пуле дар шимоли қисмати марказии Бокуро танқид мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин як «граффитӣ» ё девордоғкуниест, ки бо ризоият ва сармояи ҳукумат ба миён омадааст.

Ин овозаҳо безамина нест, зеро гуфта мешавад, баъзе аз наққошони ин нақбро аз кӯча гирифтаанд ва онҳо касоне будаанд, ки дар гузашта барои даст доштан дар «граффитӣ» боздошт шудаанд. Бархе аз онҳо барои навиштани вожаи «озодӣ» ё шиорҳои дигари зидди ҳукумат дар деворҳои шаҳр ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум ҳам шудаанд.

Дар ҳоле ки баъзеҳо Бозиҳои аврупоии Бокуро таҳти танқид қарор медиҳанд, бархи дигар онро боманфиат мешумуранд. Дар боғҳои наздик ба маркази шаҳр дарахти бештар шинонда, гулгаштҳои нав бунёд шуд. Ҳамчунин дар рӯзҳои сабқат дар саросари шаҳр интернети бепул ҷорӣ мешавад. Дар кӯчаҳо автобусҳои нав дида мешаванд, ки ҳавосоз ё кондитсионер доранд, вагонҳои метро нав шудаанд.

Аммо аҷибтар аз ҳама, корбарони Фейсбук менависанд, онҳо дар кӯчаҳои кормандони хандони полисро мебинанд, ки барои Боку як падидаи нодир аст.

XS
SM
MD
LG