Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳабси хабарнигори озарӣ ва корманди бахши озарии Радиои Озодӣ Хадича Исмоиловаро маҳкум карданд. Хадиҷа Исмоилова рӯзи ҷумъа дастгир шуд ва бо қарори додгоҳи шаҳри Боку ду моҳ дар боздоштгоҳ хоҳад монд.

Хабарнигори шинохта дар таҳрик додан ба худкӯшӣ айбдор мешавад – боздошти ӯ ба дунболи шикояти шахсе ба номи Турал Мустафоев сурат гирифт, ки иддао дорад, Хадиҷа Исмоилова ӯро ба худкушӣ раҳнамоӣ кардааст. Бар пояи қавонини Озарбойҷон, дар сурати собит шудани иттиҳом Хадиҷа Исмоилова шояд аз се то ҳафт сол ба зиндон маҳкум шавад.

Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал дар изҳороти худ ҳабси хабарнигорро “ҳамлаи дағалона ба озодии матбуот” номид. Ҷон Далусен, раиси ин созмон, дар ик изҳорот рӯзи 6 декабр навишт, ки “Хадиҷа Исмоилова яке аз охирин садоҳои мустақил дар Озарбойҷон аст ва ҳабси ӯ охирин ҳалқа дар занҷири талошҳои ба сокитӣ маҷбур кардани ӯст”.

Дигар созмони дибони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch ҳам ҳабси Хадиҷа Исмоиловаро зарбаи ҷиддӣ ба мунаққидони ҳукумати Озарбойҷон номидааст. Георгий Гогия, намоядаи ин созмон, гуфтааст, "мақомоти Озарбойҷон барои аз байн бурдани танқиди худ аз ҳама чораҳо кор мегиранд".

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ҳам ахиран хостори раҳоии фаврии Хадиҷа Исмоилова шуд – хабарнигори озарӣ ба феҳристи сад мубориз барои озодии баён дар олам шомил шудааст.

Ҳабси Хадиҷа Исмоиловар сардабири Радиои Аврупои Озод- Радиои Озодӣ Ненад Пеҷик ҳам маҳкум кард.

Аз ин пеш Дуня Миятович, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии расонаҳо бо маҳкум кардани боздошти хонум Исмоилова гуфт, "боздошти Хадиҷа Исмоилова танҳо як иқдоми ҳамоҳанг шуда барои тарсонидан ва бахше аз як барномаи барои хомӯш кардани садои озод ва ифшогар аст."

Хадиҷа Исмоилова пас даъват ба дафтари додситонӣ бо ҳукми боздошти худ рӯбарӯ шуд. Пас аз он ба додгоҳи минтақаи Сабайл дар Боку мунтақил шуд. Даъват ва боздошти вай ба дунболи шикояти Турал Мустафоев сурат гирифт, ки иддао кардааст, ки хонум Исмоилова ӯро ба худкушӣ раҳнамоӣ кардааст. Хадиҷа Исмоилова ба баррасии ифшои фаъолиятҳои иқтисодии раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва хонаводаи ӯ машҳур аст. Ӯ ҳамчунин барандаи як барномаи радиоӣ аст, ки ба пахши гузоришҳои хабарнигороне, ки дар бораи фасод ва ҷароими созмонёфта таҳқиқ мекунанд, ихтисос дорад.

Рӯзи пеш аз дастгирии вай, Ромиз Мехтиев, муовини раиси ҷумҳури Озарбойҷон ӯро ба хиёнат ва коркунони бахши озарбойҷонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ба ҷосусӣ барои бегонагон муттаҳам карда буд. Оқои Меҳтиев дар як байнияи 60 саҳифаӣ ба номи "Назми ҷаҳонӣ ва меъёрҳои як бому ду ҳаво" навишт: "Муҳимтарин дағдағаи мухолифон, хидмат кардан ба арбобони худ дар хориҷ аз кишвар ва ҳифзи робитаи хуб бо онҳост. Яке аз беҳтарин намунаҳои он Хадиҷа Исмоилова аст. Ӯ ва ҳамкоронаш барномаҳои зидди озарбойҷониро иҷро мекунанд. Ҳарфҳои беасос мезананд ва ошкоро ба ҳайсияти чеҳраҳои хушноми ҷомеа осеб мезананд. Рӯшан аст, ки ин рафторҳо хушоянди ҳомиёни Хадиҷа Исмоилова дар хориҷ мешавад."

КОРНОМАИ ҲИРФАИИ ХАДИҶА ИСМОИЛОВА

Маҷаллаи "Атлантик" унвони "Андешагари шуҷо"-ро ба Хадиҷа Исмоилова додааст. Ӯ соли 2012 Ҷоизаи расонаҳои озоди Аврупои шарқиро касб кард ва Ҷоизаи шуҷоати хабарнигории Бунёди байналмилалии расонаҳои занонро дарёфт кард. Вай ҳамчунин барои фаъолиятҳояш дар бораи "Фаъолияти тиҷорати пӯшида"-и хонаводаи раиси ҷумҳури Озарбойҷон, муваффақ ба дарёфти Ҷоизаи дурахшиши байналмилалӣ шудааст.

Хадиҷа Исмоилова яке аз ҳамкорони бахши Озарбойҷонии Радиои Аврупои Озод аст. Ӯ барандаи барномаи радиоие аст, ки ба таври густурда ба фаъолиятҳои аъзои хонаводаи Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон мепардозад. Хонум Исмоилова аз моҳи январи соли 2012 ҳадафи ҳамлаҳои сиёсии расонаҳои вобаста ба давлат қарор гирифт ва ба озори ҷисмӣ таҳдид шуд. Пас аз дидор бо намояндагони Сенати Амрико дар Боку дар феврали соли ҷорӣ, расонаҳои давлатии Озарбойҷон ӯро ба ҷосусӣ барои Амрико муттаҳам карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG