Пайвандҳои дастрасӣ

Дар эътирозҳои Озарбойҷон мошину сохтмонҳо оташ зада шуд


Ҳазорҳо сокини ноҳияи Исмоилияи Озарбойҷон ба нишони эътироз аз раиси ноҳия даст ба эътироз заданд.

Дар ноҳияи Исмоилияи Озарбойҷон, ки дар 150-километрии Боку ҷойгир аст, ҳазорҳо эътирозгарон шоми 23 январ мошину сохтмонҳо, меҳмонхона ва қароргоҳи раиси ноҳияро оташ заданд.

Хабарнигори радиои Озодӣ дар Озарбойҷон мегӯяд, ки ҳукумат нирӯҳои иловагиро барои пахши эътирозҳо ба минтақаи Исмоилия сафарбар кардааст ва ҳоло ин минтақа зери назари нирӯҳо қарор дорад. Ба сокинони маҳаллӣ иҷозат шудааст, ки ба хонаҳояшон баргарданд.

Шоми дирӯз эътирозгарон бо талаби истеъфои раиси ноҳия Низомӣ Алекперов ба хиёбонҳо рехтанд. Тибқи иттилои ахир, садамае, ки бо иштироки моликдори меҳмонхонаи "Chirag" рух додааст, сабаби сар задани эътирозҳо шуд.

Мақомот даъвати батакрори сокинонро барои бастани ин меҳмонхона, ки ба қавли онҳо, дар асл як фоҳишахонаи пинҳонӣ будааст, нодида гирифтанд. Дар ҷараёни эътирозҳо ин меҳмонхона оташ зада шуд. Ин дуюмин эътирози пурҷамъиятест, ки дар ҳафтаи охир дар Озарбойҷон ба вуқӯъ меояд. Рӯзи 19 январ полис бо тоҷироне вориди задухӯрд шуд, ки ба нишони эътироз аз болоравии қимати иҷора дар бузургтарин маркази тиҷоратии кишвар ҳаракати мошинҳоро дар шоҳроҳи азиме масдуд карданд.


Your browser does not support iframes.
XS
SM
MD
LG