Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти нахустини Мирзиёев ва Назарбоев дар Остона


Шавкат Мирзиёев бо ҳамкори қазоқаш Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Остона дар ҷараёни нахустин сафари расмиаш ба Қазоқистон дар мақоми президенти Ӯзбакистон дидору гуфтугӯ кард. Назарбоев рӯзи 23 март гуфт, ки дар давоми панҷ моҳи охир мизони тиҷорат миёни ду кишвар хеле бештар ва ин нишондод ба шарофати тадбирҳои дуҷониба ҳосил шудааст. Вай гуфт, ки дар семоҳаи охири соли 2016 мизони табодули моло коло миёни Ӯзбакистон ва Қазоқистон 30 дар сад афзоиш ёфт.

Мирзиёев, ки моҳи декабр баъди марги Ислом Каримов ба мақоми президенти Ӯзбакистон интихоб шуд, гуфт, ки аввалин сафари расмии худро дар ин мақом ба Қазоқистон анҷом медиҳад. Назарбоев дар мулоқоти рӯзи панҷшанбе ба аҳамияти ҳамкориҳои ду кишвари, ба қавли ӯ, “бародар” таъкид кард. Мирзиёев гуфт, ки Қазоқистону Ӯзбакистон барои ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ “масъулияти калоне ба дӯш доранд”.

Назарбоев гуфт, ки дар ҷараёни ҳамоиши тоҷирони ду кишвар рӯзи 23 март 75 созишномаи ҳамкорӣ дар ҳаҷми 1 миллиард доллар имзо мешавад.

XS
SM
MD
LG