Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайкали Ибни Сино ба пушти сафорати Русия мекӯчад


Ҳайкали Абуалӣ Ибни Сино дар Душанбе

Ҳайкали Абуалӣ Ибни Сино дар Душанбе

Намои кунунии пайкараи Абуалӣ Ибни Синоро дар шаҳри Душанбе пас аз чанде танҳо дар албоми суратҳои арӯсӣ ё ҳуҷҷатҳои бойгонии давлатӣ метавон пайдо кард. Пайкараи Ибни Сино, ки соли 1980 ҳангоми ҷашни 1000-солагии ӯ қомат афрохта буд, тайи ин солҳо ба макони дӯстдоштаи сокинон ва арӯсу домодҳо табдил шуд.

Барои кӯчонидани ин ҳайкал макони муносиб интихоб шудааст. Ҳайкали Ибни Сино ба қисмати ғарбии хиёбони Сино, яъне паси сафорати Русия кӯчонда мешавад.

Аммо пайкарае, ки беш аз ду даҳа хиёбони Исмоили Сомониро зеб медод, ба хотири таҷдиди роҳи мошингарди гардиши назди ин ҳайкал то дарвозаи ғарбии Душанбе ба макони дигар кӯч дода мешавад. Дар нақшаи таҷдиди ин роҳ, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон нашр кардааст, дар ду гардиши он роҳи сеқабата (эстакада) бунёд карда мешавад.

Қудратулло Файзуллоев, сармеъмори Душанбе, рӯзи 1 октбяр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зарурати кӯч додани пайкараи Ибни Сино ба он хотир пеш омад, ки роҳи сеқабата метавонист ин ҳайкалро бипӯшонад.

Вай гуфт, “барои кӯчонидани ин ҳайкал макони муносиб интихоб шудааст. Ҳайкали Ибни Сино ба қисмати ғарбии хиёбони Сино, яъне паси сафорати Русия кӯчонда мешавад. Ин ҳайкал дар замини вобаста ба биноҳои Донишгоҳи тиббӣ дар ин маҳал ҷойгир мешавад, аммо биноҳои таълимии ин донишгоҳ дар паси ҳайкал мемонанд”.

Тарҳи нахустин роҳи бисёртабақа дар Душанбе

Тарҳи нахустин роҳи бисёртабақа дар Душанбе

Файзуллоев гуфт, ҳоло барои кӯчонидани ҳайкал ва бунёди майдончаи нав дар назди он озмун эълон шудааст ва ҳангоми қабул ва тасдиқ шудани тарҳи мувофиқ кӯчондани пайкара шурӯъ мешавад. Маҷмааи пайкараи Абуалӣ Ибни Сино дар бурриши хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино аз сӯи ҳайкалтарошон Элдаров, Агаронов ва Рустам Каримов бунёд шудааст. Ибни Сино дар ин пайкара дар даст китоб ва бо чеҳраи орифона таҷассум ёфта, зери пайкараи ӯ, инчунин, нақши сангии панҷ китобаш насб шудааст.

Ба гуфтаи Қудратулло Файзллоев, мавзӯи кӯч додани ҳайкали Ибни Сино аз ин ҳам қабл замони дар ҳаёт будани яке аз муаллифони пайкара ва зербинои он Рустам Каримов сар зада буд.

Абӯалӣ Ибни Сино аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик шинохта шуда, соли 980, ки ҳанӯз давлати Сомониён побарҷо буд, дар рустое дар канори Бухоро ба дунё омадааст. Баъд аз суқути давлати Сомониён, Ибни Сино рӯ ба ҳиҷрат овард ва баъди саргардониҳои зиёд дар Ҳамадон ва бино ба бархе ривоятҳо, дар зиндон даргузашт.

Ибни Сино пештозтарин донишманди замони худ дар аксари арсаҳои илмӣ, бахусус дар илми тиб эътироф шудааст ва аз ӯ осори адабие, бо шумули назму наср, низ ба мерос мондааст. “Ал-қонун-фит-тиб”, “Донишнома” ва “Китоби шифо” аз ҷумлаи маъруфтарин осори Бӯалист, ки то рӯзҳои мо расидаанд.

Ҳоло яке аз ноҳияҳои пойтахти Тоҷикистон ва, инчунин, Донишгоҳи тиббии кишвар номи Ибни Синоро доранд. Азбаски Ибни Сино дар Бухоро таваллуд шудааст, байни зиёиёни тоҷику узбак ҳамеша бар сари ҳуввияти миллии ӯ баҳс идома дорад. Узбакҳо ӯро намояндаи қавми узбак ва тоҷикҳо тоҷик мешуморанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG