Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёбу гир! Нархи авиакеросинро дар Душанбе 1900$ кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нархи баланди авиакеросин дар Тоҷикистон боис шудааст, ки ҳавопаймоҳои мусофирбар дар роҳи парвоз дар ягон кишвари ҳамсоя барои харидории маводи сӯхт таваққуф кунанд.

Бино ба хабарҳо, ба далели камбуди маводи сӯхт ва қимати баланди керосини авиатсионӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон аксари ҳавопаймоҳои мусофирбар маҷбуранд, баъди хуруҷ аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон дар ягон кишвари ҳамсоя барои такимли маводи сӯхташон пойин бишаванд. Ин боиси тӯл кашидани вақти парвоз ва саргардонии изофӣ барои мусофирон мешавад.

Аз ҷумла, ба навиштаи хабаргузориҳои Қирғизистон, ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Ист Эйр”, ки асосан парвозҳояшро дар 2 масири Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб анҷом медиҳад, барои гирифтани маводи сӯхт дар фурудгоҳи Бишкек менишинанд. Бинобар реҷаи таъйиншудаи парвозҳо, ҳавопаймоҳои ин ширкат то моҳи апрели соли 2014 аз Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб то фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба ҳамин шева парвоз хоҳанд кард. Ширкати русии “S7 Эйрлайнз” низ бино бар камбуд ва гаронии нархи керосин дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон аз ин шева кор гирифтааст. Ҳавопаймоҳо дар хатсайри Хуҷанд - Маскав низ то 1-уми декабри соли равон тавассути Бишкек парвоз мекунанд.

Гуфта мешавад, бино бар ин вазъи бамиёномада тақрибан ҳамаи парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон мутаваққиф шудаанд ва баъзе ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба ғайри Бишкек барои харидории авикеросин бо нархи арзонтару мақбултар ҳамчунин дар фурудгоҳҳои Туркманистон ва Чимкенти Қазоқистон пойин мешаванд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ин шеваи анҷоми парвозҳо ба ва аз Тоҷикистон ба ширкатҳои мӯътабаре, чун "Туркиш ҳаво йулларӣ" низ асар карда, худи ӯ шоҳид будааст, ки ҳавопаймои ин ширкат, ки байни Душанбеву Истамбул парвоз мекард, барои харидани маводи сӯхт барои якуним соат дар фурудгоҳи Ишқобод- пойтахти Туркманистон - нишаст.

Арзонтарин нархи маводи сӯхти ҳавопаймоҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир дар Туркманободи Туркманистон буда, 1 тоннаи авикеросин дар ин ҷо 1081 доллар қимат дорад. Бино ба ҳисоби хабаргузориҳои қирғизӣ, 1 тоннаи ин навъи маводи сӯхт дар фурудгоҳи Бишкек 1140 доллар, дар Алма- Ато 1393 доллар, вале дар Душанбе 1900 доллар қимат доштааст.
XS
SM
MD
LG