Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи иртиботи заминӣ бо Суғду Бадахшон


Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, иртиботи заминии пойтахт бо шимолу шарқи кишвар бар асари ҳаводиси табиӣ қатъ шудааст.

Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар километрҳои 49, 239, 439, 436, 507, 507, 512, 513 ва боз чанд ҷои дигари масири Душанбе-Хоруғ резиши тарма сабт шудааст. Ӯ афзуд, ситодҳои маҳаллии ҳолатҳои фавқулода бо истифода аз имконоти дар ихтиёрашон буда барои барои рафъи оқибати ин ҳаводис фаъолият доранд.

Ба гуфтаи манобеи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, дар маҳалли Боғи ботаникии Хоруғ, бар асари фаромадани тарма маҷрои дарёи Шохдара баста шудааст, ки оби зиёде ҷамъ шуда ва ба деҳоти атрофи маҳалаи Хаббос таҳдид мекунад. Ба хотири пешгирӣ аз пеш омадани ҳодисаҳои нохуш, сокинон ба ҷойҳои бехавф ба таври муваққат кӯч дода шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз соҳибони васоили нақлия ва мусофирон хостааст, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар дар масири Душанбе-Хоруғ ва Душанбе-Суғд то ду рӯзи дигар худдорӣ кунанд. Аммо бо вуҷуди ин, то кунун дар ягон минтақаи Тоҷикистон ҳолати фавқуллода эълон нашудааст.

Дар шаҳри Душанбе аз субҳи имрӯз то кунун 22 мавриди даъват барои кӯмак ва ҳолати изтирорӣ сурат гирифтааст. Дастаи наҷоти ин кумита то ба ҳол 22 ҳодисаи фавқуллодаро бартараф намудаанд. Бориши зиёд дар Душанбе ҳаракат дар роҳҳоро мушкил кард ва баъзе аз маҳаллаҳоро бебарқ гузошт.

Сокинони пойтахт мегӯянд, ҳарчанд дар муқоиса ба рӯзҳои пеш хеле барвақт ба роҳ баромада буданд, аммо хеле дертар ва он ҳам бо мушкилӣ ба маҳалли корашон расидаанд. Ба иллати резиши барфи сангин, дарахтони зиёде ҳам дар гӯшаҳои шаҳр чаппа шуда, мӯҷиби бебарқӣ дар баъзе аз маҳаллаҳои шаҳр гаштаанд. Дар ҳоли ҳозир, сарбозони вазорати дифои Тоҷикистон ба кӯчаҳо баромада, дарахтонро аз барф тоза мекунанд, то чаппа шудани дарахтон ба раҳгузарону мусофирбарҳо халал эҷод накунад.

Бо вуҷуди барфрезии шадид масъулони фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мегӯянд, фурудгоҳ барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо омода аст. Дафтари матбуоти ин фурудгоҳ дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, "алъон техника, механизм ва дигар таҷҳизоте, ки барои рафъи оқибати барфбории зиёд заруранд, ба кор дароварда шудаанд. Ҳавопаймоҳо пас аз шустушӯ ва коркарди махсус бо маҳлули химиявӣ ба парвоз омода карда мешаванд." Вале баъзе аз мусофирон дар тамос бо мо гуфтанд, парвози онҳо, ки қарор буд, субҳи рӯзи душанбе анҷом мегирифт, то соати чаҳори баъд аз зӯҳр ба таъхир гузошта шудаанд.


Бино ба маълумоти Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон бориши барф ба сурати умумӣ дар тӯли имрӯз ва шаби оянда дар саросари кишвар идома хоҳад дошт.

Бориши барф рӯзи 20-уми март низ ба сурати пароканда идома хоҳад дошт, аммо аз шиддати он коста мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона дар Душанбе то 5 дараҷа ва дар шимолу шарқи кишвар мутаносибан 6 - 11 дараҷа сард хоҳад буд.

Аз рузи 21 то 25-уми март ҳавои беабр ва офтобӣ пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG