Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфу тарма дар Афғонистон ҷони 119 нафарро рабуд. ВИДЕО


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки барфбории рӯзҳои ахир ҳаёти ба камияш 119 нафарро аз байн бурдааст. Инчунин, бар асари фаромадани тарма, фурӯрезии боми хонаҳо, садамаи мошин ва ҳодисаҳои дигари нохуши марбут бо барф дастикам 89 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба қавли Вайс Аҳмад Бармак, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Афғонистон, дар тӯли се рӯзи гузашта аз миёни 34 вилояти ин кишвар 22 вилоят бар асари резиши барфу фаромадани тарма дар вазъи фавқулода қарор доранд. Ин мансабдор афзуд, рӯзҳои шанбеву якшанбе дар ин минтақаҳо то ду метр барф борид. "Дар натиҷа ба камияш 200 манзили зист фурӯ рехта, беш аз 500 чорво ҳалок шуд", - гуфт ӯ.

Рӯзи 6 январ булдозерҳо барои поксозии ағбаи Соланг сафарбар шуда, даҳҳо тонна барфро аз роҳи мошингард берун кашиданд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, аз ҳукумат ва нерӯҳои хориҷии мустақар дар ин кишвар хостааст, ки ба мардуми ниёзманд кумак кунанд.

Вазъу тафсилоти бештар аз барфбориҳои ахирро дар ин видео бибинед:

Дар Афғонистон барфу тарма ҳаёти камаш 119 нафарро аз байн бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

XS
SM
MD
LG