Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳиби гов аз музояда хабар надорад (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бар асоси як парвандаи марбут ба баҳси хонаводагӣ дар масъалаи саркашӣ аз пардохти алимент амволи як мард, аз ҷумла як говашро ба фурӯш мегузорад.

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бар асоси як парвандаи марбут ба баҳси хонаводагӣ дар масъалаи саркашӣ аз пардохти алиментпулӣ амволи падари саркашро ҳабс кардааст ва барои пардохти алимент амволи вай, аз ҷумла як гови ӯ ба фурӯш гузошта хоҳад шуд.

Саидаброр Ғуломов, ходими иҷрояи Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 20-уми март бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки баргузории ин музояда ба рӯзи 28-уми марти соли равон гузошта шудааст ва дар он як гови сокини ҳамин ноҳия, ки бар асоси шикояти занаш аз пардохтани алмент саркашӣ кардааст, низ ба фурӯш гузошта мешавад. Ба гуфтаи Ғуломов нархи гов дар музояда бо 1000 сомонӣ оғоз мешавад.

Додгоҳи Рӯдакӣ бар асоси ҳалномааш сокини деҳаи Тайланободи ҷамоати Лоҳур Саидакрам Давлатёров, шавҳари ин занро мувазаф кардааст, ки алимент барои фарзанди худро пардохт кунад, вале вай аз пардохти ҳармоҳаи алимент худдорӣ кардааст, ки дар ниҳоят амволи вай, аз ҷумла як говашро ба ҳабс гирифтаанд. Ин говро додгоҳ дар музояда ба фурӯш гузошта, маблағи онро барои пардохти алимент ба ин зан хоҳанд дод.

Додгоҳи Рӯдакӣ мегӯяд, довталабонро барои харидории гови калони шохдор дар рӯзи 28-уми март ба музояда, ки дар бинои ҳамин додгоҳ сурат мегирад, даъват мекунад.

Аммо Лоиқ Давлатёров, падари Саидакрам рӯзи 20 март ба Озодӣ гуфт, аз нашри эълони дар музояда ба фурӯш гузошта шудани говашон хабар надорад. Ба гуфтаи ӯ, ин гов дар асл ба келини дигари онҳо тааллуқ дорад ва набояд мусодира ва фурӯхта шавад. Ӯ мегӯяд, мақомоти додгоҳ соли гузашта барои пардохти алимент аз писараш Саидакрам шиферҳои онҳоро низ аз тариқи музояда фурӯхта буданд.

Лоиқ Давлатёров мегӯяд, писараш як мардикорест, ки гоҳо ягон кори сиёҳро анҷом медиҳад ва шуғли доимӣ надорад ва аз ин рӯ наметавонад набераи онҳоро бо алимент таъмин кунад. Ӯ афзуд, ки чандин бор хостаанд, то набераашонро барои тарбия ба онҳо диҳанд, вале ҳамсари ҷудошудаи писараш ин пешниҳодро напазируфтааст.

Сӯҳбати Лоиқ Давлатёровро инҷо тамошо кунед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG