Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корвони "Роҳи ваҳдат" ба Кӯлоб меравад


Рӯзи 26 июн корвони мошинҳои «Роҳи ваҳдат - 2014» аз пойтахти Тоҷикистон роҳии минтақаи Кӯлоб мешавад. Ин чорабинӣ ба Рӯзи ваҳдати миллӣ бахшида шудааст.

Аз 26-уми июн дувумин корвони мошинҳои «Роҳи ваҳдат - 2014» аз Душанбе ба самти ноҳияҳои атрофи Кӯлоб ба роҳ мебароянд.

Масъулони ин чорабинӣ иттилоъ доданд, ки 150 ҷавони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ аз манотиқи гуногуни кишвар бо 35-40 мошин ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ба то ба шаҳри Кӯлоб мераванд.
Дар ин корвони мошинҳо ҷавонони аз 16 то 25-сола аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Бадахшон иштирок мекунанд.

Сабти нмои ҷавонон дар сомонаи расмии ин чорабинӣ Rohivahdat.tj сурат мегирад. Гурӯҳи ҷавонон рӯзи 26-уми июн дар шаҳри Норак ҷамъ мешавад ва аз онҷо сафари онҳо боздид аз нерӯгоҳи Норак оғоз меёбад. Ҳамчунин дар ин рӯз гурӯҳи ҷавонон ба ноҳияи Восеъ рафта аз осорхона ва қалъаи Ҳулбук дидан мекунанд. Рӯзи 27-уми июн корвони мошинҳо вориди шаҳри Кӯлоб мешавад ва дар чорабинии Рӯзи ваҳдати миллӣ ширкат мекунанд.
Шоми 27-уми июн ин гурӯҳ бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб якҷо дар мавзеъи истироҳатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барномаҳои тафреҳӣ мегузаронанд. Шаб ҷавононро маҳфили флеш-моб интизор аст, ки бо сар додани «чароғакҳои осмонӣ» рамзи сулҳу субот ва ягонагии Тоҷикистонро маънидод мекунад.

Дар роҳи бозгашт дар рӯзи охирин корвони мошинҳо ба маркази фарҳангии "Хуррамшаҳр"-и ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак омада, ҷавонон дар онҷо каме истироҳат мекунанд. Рӯзи 28-уми июн корвони мошинҳо ба Душанбе бармегардад ва барномаи сафари онҳо ба анҷом мерасад.

«Роҳи ваҳдат» - ин ҳамоиши ҳарсолаи ҷавонони фаъоли сомонаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки ба гуфтаи масъулони ин чорабинӣ барои ба ҳам овардани ҷавонони ҳамаи манотиқи Тоҷикистон равона шудааст.
XS
SM
MD
LG