Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори террористҳоро дар Интернет масдуд мекунанд


Ширкатҳои Microsoft, Facebook, Twitter ва Youtube базаи ягонаеро таъсис медиҳанд, ки пайгирӣ ва масдуд кардани маълумоти марбут ба терроризмро дар Интернет осон мекунад. Дар матлаби матбуотии Facebook Newsroom гуфта мешавад, қабл аз ҳама навори видеоӣ дар назар аст, ки террористҳо бо пахши онҳо тарафдорҳои навро ба сафи худ ҷалб мекунанд. Барои ошкор кардани ингуна наворҳо технологияеро ба кор мебаранд, ки муҳтавои маводро таҳлил мекунад.

Ба ин система шинохтани наворҳои мамнуъро ёд медиҳанд ва ба ҳайси намуна наворҳои террористии мавҷуд дар интернетро пешниҳод мекунанд. Соли гузашта ширкатҳои номбурда базаи ягонаи ошкор кардани порнографии кӯдакон дар интернетро таъсис доданд.

XS
SM
MD
LG